ХАБАРҲО

2019-08-27: Вохўрии роҳбарияти Тоҷикстандарт бо соњибкорону фурўшандагони ЉДММ «Бозори Корвон»

Дар доираи дастгирии соњибкорї, бо маќсади баланд бардоштани маърифати њуќуќии соњибкорон, таќвият додани њамкорињо, риояи ќоидањои савдо ва пешгирии воридоти мањсулоти пастсифат ба бозори истеъмолї санаи 27 август дар толори ЉДММ «Бозори Корвон» вохўрии роҳбарият ва масъулони Агентии Тоҷикстандарт бо соњибкорону фурўшандагони  бозори мазкур доир гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Агентии Тољикстандарт оид ба саҳми арзишманд доштани соњибкорон дар пешрафти иќтисоди љумњурї, дастгирии доимии ташаббусњои созандаи соҳибкорон аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва барои амалӣ гардидани онҳо муњайё будани њамаи имкониятҳоро таъкид намуда, сипас оид ба масъалањои риояи ќоидањои савдо, бо либоси ягонаи корї пурра таъмин будани фурўшандагони нуќтањои савдо, истифодабарии тамѓањои молии дигар ширкатњо, бе сертификати мутобиќат ба савдо баровардани мањсулот, одоби муошират бо истеъмолкунандагон, дар даромадгоҳҳо, роҳравҳо ва дар ҷойҳое, ки савдо муқаррар нашудааст ба савдо машғул нашудан, таъмин нагаштани иљрои талаботи Стандарти давлатии «Хизматрасонӣ дар бозор» ва амсоли ин изњори назар намуд.

Дар самти риоя нашудани ќоидањои савдо ва ба муомилот баровардани мањсулоти пастсифат, ки аксаран аз хориљи кишвар ворид мешаванд, аз љумла зикр гардид, ки албатта љарима кардану ба љавобгарї кашидан роњи њалли ин масъалањо нест, мо бояд пеш аз њама масъулиятшиносу боинсоф бошему талаботи савдоро риоя намоем ва дар охир манфиати шахсии худро аз манфиати љомеа болотар нагузорем ва доимо андеша кунед.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои пешрафти Ватани азизамон ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошему дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили пок ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият намоем.

Баъд аз суханронињо, суњбати ошкоро бо соњибкорон оид ба мушкилоти дар фаъолият љойдошта, боз њам таќвият додани њамкорињо бо маќомот, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, њифзи бозори истеъмолї, муносибати нозирони давлатї ва ислоњи камбудињои љойдошта доир гардида, соњибкорон ба саволњои худ посухњои мушаххас гирифтанд.

Лозим ба зикр аст, ки иќдоми мазкур барои ба низом даровардани вазъи бозору нуқтаҳои савдо, таъмини њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон ва тоза нигоњ доштани бозори истеъмолї мусоидат менамояд.