ХАБАРҲО

2019-08-27: Либосҳои мактабии бе сертификати мутобиқат аз муомилот гирифта мешаванд

Мусаллам аст, ки бо фарорасии соли нави таҳсил талабот ба дибосҳои мактабӣ ва ашёи хониш зиёд мешавад ва дар ин замина аз ҷониби соҳибкорон анвои гуногуни чунин маҳсулот ба бозори истеъмолӣ ворид мешавад.

Дар доираи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, риояи талаботи њатмии њуљљатњои меъёрии техникї – Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон зери назорати љиддї ќарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз љониби мутахассисони Агентї бо воридкунандагон ва истењсолкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум корњои фањмондадињї ба роњ монда мешаванд.

Мутаассифона, аз ҷониби баъзе фурӯшандагон маҳсулоти номбурда бе риояи талаботи барасмиятдарории гумрукӣ ва бе сертификати мутобиқат ба фурӯш бароварда мешавад.

Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла либосҳои мактабӣ ва дигар ашёҳои хониш дар бозору нуқтаҳои савдои мамлакат назорати давлатӣ гузаронида шуда, ба миқдори зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китобҳои дарсӣ ва дигар ашёҳои хониш, ки  бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Нисбати фурӯшандагон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.