ХАБАРҲО

2019-08-27: Сифат ва раќобатпазирии либосњои мактабї таъмин мегардад

Дар доираи татбиќи барномањои ќабулгардида ва тадбирњои андешидашудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти рушди соњибкорї бо маќсади таъмини раќобатпазирии мањсулоти ватанї ва дар ин замина мусоидат ба воридотивазкунии  он дар бозори истеъмолии мамлакат љињати муќаррар намудани талаботи меъёрњо (сифати либосњои мактабї, истифодаи матоъњо, дўхт ва ѓайрањо) аз тарафи Агентии Тољикстандарт стандарти нав - СТ ЉТ 1110-2018 «Либосњои мактабї. Шартњои техникї» ќабул гардида, мавриди амал ќарор дода шудааст.

Бо маќсади шинос намудан ба талаботи стандарти мазкур бо масъулини корхонањои дўзандагї дар шањри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суѓд ва навоњии тобеи марказ корњои фањмондадињї,  вохўрию омўзишњо гузаронида шуда, њамаи корхонањо бо нусхаи стандарти мазкур таъмин гардиданд. Доир ба истењсоли либосњои мактабї дар љумњурї корхона ва сехњои махсусгардонидашуда фаъолият мебаранд ва дар корхонаю сехњои дўзандагї (дар ш.Душанбе - корхонањои ЉДММ ИИ “Нассољии тољик” ва ЉДММ “Ёќут-2000”, дар вилояти Суѓд – корхонањои ЉДММ “Олимхони Хуљандї”, ЉДММ КД “Наргиз”, ЉДММ “Асри тиллої”, ЉДММ “Мастура Авезова”, ЉДММ “Тољ”  ва 4 соњибкори инфиродї, дар вилояти Хатлон) корњои назоратї гузаронида шуда, нисбати риояи њуљљатњои меъёрї-техникї, истифода намудани матоъњои ба талабот љавобгўй ва баланд бардоштани сифати либосњои мактабї аз тарафи мутахассисони Агентї бо субъектњои хољагидор корњои фањмондадињї ва сертификаткунонии мањсулот амалї гардиданд.

Дар раванди вохўрињо бо мутахассисони корхонањо аз љумла, нисбати муќаррароти Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон «Бехатарии мањсулоти таъиноти кўдакон ва наврасон» оид ба меъёри таркиби матоъњои костюмворї, куртаворї ва астарворї барои либосњои мактабї, њамроҳсозии нахҳои иҷозатдодашуда  ва риштањои синтетикї дар маҳсулоти нассоҷии либоси мактабии ҳамаи гурӯҳҳои синнусолї  дар молҳои навъи маҳсулоти куртаворӣ корњои фањмондадињї гузаронида шуданд.

Мутахассисони корхонањои истењсолї  оиди ин масъала як ќатор таклифњо пешнињод намуданд.

Аз љумла пешнињод шуд, ки барои ноил шудан ба сифати ягонаю љавобгў ба талаботи Регламенти техникї ва њуљљатњои меъёрї–техникї, нархи ягонаю дастрас барои њамаи табаќањои ањолї бояд матоъњои костюмворї, куртавор ва астарворї барои либосњои мактабї дар дохили кишвар истењсол карда шавад. Барои истењсоли ин матоъњо (матои омехтаи 60-70% аз нахи табиї ва 30-40% аз нахи синтетикї иборат)  хати технологияи махсус лозим аст. Зеро ин омил њам манфиати иќтисодї дошта ва њам аз љињати бехатарї барои њифзи саломатии инсон ва шањрвандон дар Љумњурии Тољикистон мусоидат мекунад.

Инчунин соњибкорон оид ба масъалањои њалталаб њангоми истењсоли либоси мактабї, аз љумла мушкилии молиявї, норасоии матоъ, фурнитура (масолеҳи ёрирасон), иҷро нашудани шартномаҳо байни муассисањои таълимї ва корхонањои истењсоли либосњои мактабї барои дўзонидани либоси мактабї изњори аќида намуданд

Лозим ба ёдоварист, ки бо маќсади њимояи бозори дохилї аз мањсулоти саноатии ба саломатии инсон зараровар, бахусус либосњои кудаконаю мактабї ва баланд бардоштани талаботи сифатнокї ва бехатарии махсулоти воридшаванда, ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2015, №498 «Дар бораи Регламенти техникии бехатарии мањсулоти таъиноти кудакон ва наврасон» ќабул карда шудааст, ки талаботи њатмї дошта, айни замон назорати давлатї дар самти истењсол, фурўш, нигоњдорї, интиќол ва дигар талаботи бехатарии либосњои кудакона, аз љумла либосњои мактабї тибќи Регламенти техникии мазкур амалї карда мешавад.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар шањри Душанбе имрўз барои дўхтани либоси ягонаи мактабї ЉДММ «ИИ Нассољии Тољик» ва ЉДММ «Ёќут-2000» машѓул мебошанд. Дар ЧДММ «ИИ Нассољии Тољик» либоси мактабиро дар ду коргоњи дўзандагї истењсол мекунанд. Коргоњњои мазкур бо дастгоњњои муосири њозиразамон таљњизонида шудаанд. Ашёи хом аз матоъњои навъњои «Милан», «Покер», «Габардин» ва  масолењи ёрирасон барои дўхтани либоси мактабї аз бозори дохила харидорї карда мешавад.

Дар ЉДММ «Ёќут -2000» матои костюмвории артикули 1502  аз ЧДММ «Нассољии Хуљанд», матои куртавориро аз Љумњурии Халќии Хитой ва лавозимоти ёрирасонро барои дўхти либосњои мактабї аз бозори дохилї дастрас менамоянд.  Коргоњи ЉДММ «Ёќут -2000»  низ бо дастгоњњои замонавї таљњизонида шудааст.

 Итминон аст, ки бо чунин фаъолияти босамар истењсолкунандагони ватанї эњтиёљоти дохилиро бо либосњои хушдўхту босифат пурра таъмин менамоянд.

Умуман, либосҳои истеҳсоли ширкатҳои дохилӣ имсол бо сифати беҳтар пешниҳоди хонандагон шудааст ва мактабҳо дар мувофиқа бо ширкатҳои дӯзандагӣ барои хонандагон либосҳои ягонаи мактабӣ пешниҳод мекунанд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла, либосҳои мактабӣ ва дигар ашёҳои хониш дар бозору нуқтаҳои савдои мамлакат назорати давлатӣ гузаронида шуда, ба миқлори зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 3000 адад дафтар ва китобҳои дарсӣ, ки  бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Нисбати фурӯшандагон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Ҷињати њалли мушкилоти љойдошта дар самти баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, љалби сармояи хориљї, ба роњ мондани коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва таъмин намудани корхонањои истењсолї бо ашёи хом њамоњангии фаъолияти вазорату идорањои дахлдор ва корхонањои истењсолї мувофиќи маќсад мебошад.