ХАБАРҲО

2019-08-27: Шартҳои техникӣ баррасӣ мешаванд

9 июли соли 2019 дар Агентии Тоҷикстандарт љаласаи Гурўњи техникии экспертї оид ба баррасии лоињаи шартњои техникии љињати баќайдгирї дар фонди давлатии стандартњои давлатї ба Агентӣ пешнињодгардида доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони масъули Агентӣ, инчунин як қатор муаллифони тањиякунандаи шартњои техникї иштирок доштанд.

Љаласаро директори Агентии Тољикстандарт оѓоз намуда,    њозиринро оид ба фармоиш љињати таъсиси Гурўњи техникии экспертї   шинос намуд. Аз љумла ќайд карданд, ки бо маќсади  ба танзим даровардани раванди баќайдгирии шартњои техникї ва таъмини шаффофият дар ин самт  тибќи талаботи  Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи стандартонї», фармоиши директори Агентии Тољикстандарт аз 1 августи соли 2019, №53 ф/а ба имзо расонида шудааст, ки тибќи он барои баррасии лоињаи шартњои техникии тањиягардида аз љониби корхонаю ташкилотњо вобаста ба соњаи молу мањсулот гурўњњои техникии экспертї аз њисоби роњбарон ва мутахасисони шуъбањои дахлдор таъсис дода шудааст. Ин љаласаи нахустини Гурўњи техникии экспертї буда, минбаъд тибќи теъдоди лоињаи шартњои техникї пешнињодшаванда  дар як моњ як маротиба љаласаи мазкур даъват карда мешавад.

Сипас, гурўњи техникии экспертї ба баррасии лоињаи шартњои техникї гузашт. Сараввал лоињаи шарти техникии пешнињодгардида-  ШТ 9222 ЉТ 025031910. 001. 2019 “Шири истеъмолии ултрапастеризатсияшуда”, ки аз тарафи соњибкори инфиродї Шорањматуллоев М.Д.  тањия гаштааст, баррасї карда шуд. Дар маљмўъ лоиња ќобили дастгирї шуморида шуда, бо назардошти то ба айни њол истењсол нагаштани мањсулот пешнињод шуд, ки муваќќатан ба ќайдгирии шарти техникї мавќуф гузошта шавад.  Гурўњи корї хулоса намуд, ки баъд аз истењсол шудани шири истеъмолии ултра-пастеризатсияшуда ташхиси он ба роњ монда шуда,  пас аз хулосаи озмоишгоњ (тасдиќи мутобиќати мањсулот ба талаботи шарти техникї) ва шиносої бо технологияи корхона  шарти техникї ба ќайд гирифта шавад. Ба истењсолкунанда дастур дода шуд, ки дар тамѓаи мањсулот то баќайдгирии шарти техникї номгўи регламентњои техникиро дарљ намояд.

Баъдан, лоињаи шарти техникии пешнињодгардида - ШТ 9214 ЉТ 00929641.245-2019 “Тушберањо” аз тарафи  Пажўњишгоњи лоињакашї конструкторию технологии “Тољикагропромпроект” баррасї ќарда шуд. Тањиягар директори пажўњишгоњ Рањматов А маќсад аз тањияи лоињаи шарти техникии мазкурро ба њозирин шањ дод. Тибќи талаботи лоињаи шарти техникї мўњлати нигоњдории мањсулот бо риояи  шароити нигоњодорї дар њарорати на зиёда  -180 С ду моњ муќаррар гардидааст. Гурўњи техникї  дар атрофи масъалаи механизми назорати  риояи ин талабот дар нуќтањои савдо  бањс намуданд. Дар охир хулоса карда шуд, ки дар шарти техникї уњдадории истењсолкунанда ва фурўшанда тариќи бастани шартнома њангоми ба муомилот баровардани тушбера ќайд карда шавад .

Аз тарафи гурўњи техникї -экпертї лоињаи шартњои техникии пешнињодгардида - ШТ 9128 ЉТ10599357-008-2019 “Мањсулоти ќаннодии мармалод” ва даровардани таѓйирот ба ШТ 9123 ЉТ 10599357.001-2010 “Ќандњо” ва ШТ 9121 ЉТ10599357.002-2012 “Карамел”, ки аз тарафи ЉДММ “Амирї ” тањия шуда буданд, мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Сараввал сартехнологи корхона Шарипова А.Ф оид ба зарурати тањияи шарти техникї ва даровардани таѓйирот дар дигар шартњои техникї дар самти дароз намудани мўњлати истеъмолии мањсулот маълумот дод. Дар масъалаи истифодаи иловагињои нигоњдорандаи намнокї, яъне шарбати сорбит ва глисерин, ки омили зиёд гаштани мўњлати истемолї мегарданд, бањси мутахаасисон  ба миён омад. Баъдан гурўњи техникї - экпертї ба хулоса омаданд, ки намунаи мањсулоти тайёри корхонаро  дар ташхисгоњ санљида, дар доираи хулосаи озмоишї   баќайдгирии шарти техникї амалї карда шавад. Аз ин рў, баќайдгирии “Мањсулоти ќаннодии мармалод” ва даровардани таѓйирот ба ШТ 9123 ЉТ 10599357.001-2010 “Ќандњо” ва ШТ 9121 ЉТ10599357.002-2012 “Карамел”, ки аз тарафи ЉДММ “Амирї ” тањия шуда буданд, то пешнињоди хулосаи озмоишгоњ мавќуф гузошта шуд.

Дар охир аз тарафи гурўњи техникї экпертї лоињаи шартњои техникии пешнињодгардида - ШТ 1713 ЉТ040054942.001-2019 “Плитаи такягоњ аз алюминї ва хулањои алюминї”, ки аз тарафи ЉДММ “Савдои байналмилалї” тањия гашта буд, баррасї карда шуд. Сараввал роњбари ЉДММ “Савдои байналмилалї” Абдуллоев Ю. оид ба зарурати тањияи шарти техникї маълумот доданд ва ќайд намуданд, ки шарти техникї бо маќсади содирот намудани мањсулоти алюминї  тањия гаштааст.Баъд аз баррасї ва омўзиш гуруњи техникї - экспертї  пешнињод намуданд, ки бо назардошти ба содирот нигаронида шудани мањсулот шарти техникии  ШТ 1713 ЉТ040054942.001-2019 “Плитаи такягоњ аз алюминї ва хулањои алюминї” дар фењристи давлатї ба ќайд гирифта шавад.

Баъд аз баррасии лоињаи шартњои техникї  љаласаи гурухи техникї- экспертї идома ёфта, дар он директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќ.Ќ. оид ба масъалањои минбаъд мукаммалгардонии раванди баќайдгирї  аз њозирин пурсон шуд, то ин ки фикру пешнињодњои худро баён намоянд.

Бо назардошти пешнињодњои  иштироккунандагон ҷаласа барои мукаммалгардонии раванди баќайдгирии њар як шарти техникї, омода намудани муҳри нави бақайдгирӣ, муҳргузорӣ ба ҳар як саҳифаи шартҳои техникӣ, оид ба стандартњои амалкунанда ва регламентњои техникї  ба унвонии роњбарият пешниҳод намудани маълумоти дақиқ, ба роҳ мондани  Фењристи электронии шартњои техникии баќайдгиритфашуда қарор қабул намуд.