ХАБАРҲО

2019-07-09: Мулоқоти судманд

9 июли соли љорї дар њошияи ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтаќавӣ оид ба стандартизатсия, ки рўзњои 10-12 июли соли 2019 дар шањри Душанбе баргузор мегардад, дар бинои Агентии Тољикстандарт мулоќоти директори Агентї Давлатзода Ќ. Ќ. бо президенти Институти стандартизатсияи Туркия, Раиси Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия, профессор Адем Шаҳин ва роњбарияти моќомоти “Узстандарт”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

Дар мулоќот љонибњо бо дарназардошти афзалиятњои мављуда ташаккули низоми шарикии байни кишварњоро дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия баррасї намуда, доир ба густариши минбаъдаи њамкорињо оид ба бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байналмилалӣ, рушди соҳаи стандартонӣ, ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи сертификати мутобиќат, бозомўзї ва такмили ихтисоси кормандон изњори назар намуданд.

Директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќ. Ќ. бо итминон иброз дошт, ки натиҷаи ин мулоқот ва баргузории  ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтаќавӣ оид ба стандартизатсия  дар Љумњурии Тољикистон имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва кишварњои аъзои Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия фароҳам оварда, ба рушди иќтисодии ин давлањо таъсири назаррас хоњад гузошт.