ХАБАРҲО

2019-06-28: Саодати миллат дар Ваҳдат аст

25 июни соли равон дар Агентии Тоҷикстандарт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад доир гардид. Дар вохӯрӣ ходими намоёни сиёсию давлатӣ Рафиқа Мусоева, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар ноњияи Фирдавсї Зуњро Сафарзода ширкат намуданд.

Нахуст Диловар Пирназарзода, муовини якуми Агентии Тоҷикстандарт ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ табрик намуда, марҳилаҳои тайнамуда барои расидан ба рӯзҳои саодатмандиву музаффариятҳо ибрози назар намуд. Мавсуф иброз дошт, ки ваҳдат омили муҳимтарини ҳастии миллат маҳсуб ёфта, дар таҳкими истиқлолият нақши беназир ва ҳалкунанда бозид. Ӯ ҳамзамон аз ҷонисориҳои пайваста ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу ваҳдат, рушду пешрафти мамлакат ибрози назар намуд.

Рафиқа Мусоева роҷеъ ба он рӯзҳои душвори расидан ба сулҳу оштиро, ки шоҳиди зиндаи он рӯзҳо ва лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунандаи таърихӣ буд, дар бораи сессияи 16-ми Шӯрои Олӣ ва қарорҳои қабулнамудаи он, бозиҳои пасипардагии гурӯҳҳои манфиатдор, вазъи ногувори сиёсӣ, бенизомию беҳокимиятӣ, талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу оштӣ, баргардондани гурезаҳои тоҷик ибрози назар намуд. Марҳилаҳои душвори гуфтушунидро бо мухолифин ба ёд оварда, таъкид намуд, ки ба хотири якпорчагии сарзамини ниёгон ва сулҳу ваҳдат Пешвои миллат зањматњои зиёде кашидаанд. Рӯзи оштиву ваҳдати миллиро аҳли Тоҷикистон интизорӣ мекашид ва ин ҷашни таърихиро мардуми азиятдида ва тарсу ҳарос қарордошта бо ашк дар дидагон истиқбол намуданд, бо ашки шодӣ,-иброз дошт Р. Мусоева.