ХАБАРҲО

2019-06-28: Баҳодиҳии вазъи йоднокгардонии намакии ошӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва борҷоманамоии намаки ошии йоднокшуда

Санаи 19 июни соли ҷорӣ дар Агентии Тољикстандарт дар доираи татбиќи Наќшаи чорабинињои Шўрои њамоњангсозї оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї семинар баргузор гардид, ки масъалаи таъсири норасоии йод ба саломатии инсон, технологияи истењсол ва борљоманамоии  намаки ошии йоднок, тањлили вазъи кунунии истењсоли намак дар Љумњурии Тољикистон. њуљљатњои меъёрї-техникии танзимкунандаи муносибатњо ва муќарраркунандаи талабот ба намаки ошии йоднок, чорабинињои гузаронидашуда аз љониби вазорату идорањо доир ба ин масъала ва наќшањоро барои оянда мавриди баррасї ќарор дода шуд.

Дар машварат аъзоёни Шўрои њамоњангсозї оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї, Шерзода Ситора Љалол – муовини раиси Шўро- муовини директори Агентии Тољикстандарт, Авѓонов А. –  корманди Кумитаи бехатарии озуќавории  назди Хукумати Чумњурии  Тољикистон, Љабборов Х- корманди Кумитаи бехатарии озуќавории  назди Хукумати Чумњурии  Тољикистон, Ќандаков А-  намояндаи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Чумњурии  Тољикистон, Султонов Исмоншо - сардори шўъбаи назорати давлатї оид ба талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрї-техникї дар маљмааи агросаноатии Агентии Тољикстандарт, донишљуёни Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш. Шотемур,  Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон (таљрибаомўзон дар Агентї) ва кормандони Агентї иштирок доштанд.   

Дар оѓоз Шерзода Ситора Љалол љамъомадро оѓоз намуда, иштироккунандагонро бо мавзуъхои семинар-машваратбуда шинос намуд. Сипас  сардори шўъбаи назорати давлатї оид ба талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрї-техникї дар маљмааи агросаноатии Агентии Тољикстандарт  Султонов И.  баромад намуда  ќайд кард,  ки дар доираи наќшаи кории зергурўњ бо маќсади таќвият бахшидани татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи йоднокгардонии намак”, аз љумла бањодињии вазъи йоднокгардонии намакии ошї дар корхонањои истењсолї ва борљоманамоии намаки ошии йоднок, дастрасии он ба истеъмолкунадагон, ки яке аз самтњои фаъолияти зергурўњи кории  «Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” оид ба масъалањои таъсири  норасоии микронутриентњо ба саломатии ањолї мебошад, бо дастгири Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттањид  (ЮНИСЕФ)  муоинаи  субъектњои истењсолї ва нуќтањои савдои шањри Кўлоб ва ноњияњои Восеъ ва Мир саид Алии Њамадонии вилояти Хатлон гузаронида шуд. Чорабинии  дар боло зикршуда аз санаи 31.01.2019 с. то 02.02.2019 с. дар якљоягї бо намояндаи КВД “Хўрокворї”ва коршиноси мустаќили Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттањид  (ЮНИСЕФ)  амалї гардид.

Дар љараёни сафар  бо намояндагони корхонањои истењсолї,  аз љумла  ЉДММ “Алоќа”, ЉДММ “Баќо”, ЉДММ “Намакдон”, ЉДММ Диловар-Н, ЉДММ “Сорбон-А”, ЉДММ “Душанбе”, ва ЉДММ “Зоир- А” дар ЉСК “Хоља Мўмин”-и ноњияи Восеъ  вохўрї баргузор гардид. Дар вохурї намояндагони корхонањо бо маќсади гурўњи корї , бо  натиљаи муоинањо ва санљишњои сифати намаки ошии йоднок ќаблан  гузаронида шуда аз љониби Агентии Тољикстандарт дар соли 2018, талаботи Регламенти техникии “Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї”   шинос карда шуданд.

Инчунин љињати амалї намудани њадафи чоруми миллї-саноатикунонии босуръати кишвар санаи 5 марти соли љорї дар шањри Кўлоб семинари омўзишї   бо истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї ва донишљуёни  Донишкадаи технологї ва менељменти иноватсионї дар шањри Кулоб  дар мавзуъи «Риояи талаботи регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї – омили асосии  истењсоли мањсулоти босифат ва бехатар»,  баргузор гардид

Семинари омўзишї бо иштироки  зиёда аз 80 нафар соњибкорон – истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї аз шањри Кўлоб, ноњияњои Восеъ, Њамадонї, Фархор, Мўминобод, Шамсиддин Шоњин ва Ховалинг  гузаронида шуд. Дар раванди семинар  ба иштрокчиён мазмуни  регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон, аз љумла «Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї», «Бехатарии борљома», «Бехатарии мањсулоти хўрокворї», «Мањсулоти шарбатї аз мевањо ва сабзавот»-ро тариќи рўнамо шарњу тавзењ дода шуд. Њамзамон, ба соњибкорон оид ба афзалиятњои љорї намудани стандартњои байналмилалї дар корхонањои истењсолї пешнињодоти муфид дода шуд.

Вазъи корхонањо, бозори истеъмолї ва пешнињодњои дар љараёни сафарњо аз љониби мутахассисон, соњибкорон ва донишљуён нишон дод, ки тарѓиботи бештари таъсири норасоии йод ба саломатии инсон, таъмини  ањолї ва нуќтањои савдо бо  дастурамалњо ва индикаторњо барои муайян намудани  мављудияти йод дар намаки ошии йоднок, баланд бардоштани савияи дониши истеъмолкунандагон  бо роњи корњои тарѓиботии иловагї, баланд бардоштани  сатњи муљањњазии корхонањои истењсоли ва борљоманамоии намаки ошии йоднок, баланд бардоштани  савияи дониши мутахассисони корхонањо, идомаи гузаронидани семинарњои омузишї  бо  истеъмолкунандагон ва истењсолкунандагон, ташхиси лабораторї  ва фаврии мунтазам дар корхонањо, љалби корхонањои истењсолї ба раванди љорї намудани стандартњои байналмилалї, таъмини мутамаркази йодати калий ба истењсолкунандагон ва борљомакунандагони намаки ошии йоднок, ба роњ мондани истењсоли индикаторњо барои муайян намудани  мављудияти йод дар намаки ошии йоднок дар љумњурї бояд амалї ва љоннок карда шаванд. Чунин семинар дар шањрњои  Душанбе ва Бохтар низ гузаронида шуданд ва дар моњи июли соли љорї дар вилояти Суѓд гузаронида хоњад шуд.

Њамзамон таъмини индикаторњоро барои муайян намудани њиссаи массаи йод дар намак  дар нуќтањои савдо дар оѓози  соли 2019  бо маќсади пешгирии воридоти намаки ошии йоднокнашуда,  яъне фароњам овардани шароит барои  аз љониби соњибкор (дар њолати ќабули намаки ошии йоднок) ва истеъмолкунанда (дар њолати харидорї намудан)  ва идомаи ин кор   ќайд намуда аз он умед намуд , ки ин амал каме њам бошад масъалаи воридоти намаки ба талаботи муќаррашуда љавобгунабударо мегирад. 

Њамзамон Ќандаков А-  намояндаи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Чумњурии  Тољикистон  доир ба таъсири норасоии йод ба саломатии инсон изњори аќида намуд.

Дар рафти семинар- машварат намояндагони Кумитаи бехатарии озуќавории  назди Хукумати Чумњурии  Тољикистон.  Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Чумњурии  Тољикистон ва Агнтии Тољикстандарт  ба оќибањои худтабобаткунї, истифодаи доруворињои њозиразамон, маърифати ањолї дар соњаи тиб ва њуќуќњои худ, табобати бемории љоѓар, зиёни истеъмоли зиёди намаки ошї, доир ба васеъ шудани номгўи мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда баъд аз ќабул гардидани Ќонуни Чумњурии  Тољикистон ”Дар бораи таъмини ањолї бо мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда”, зарурати  омодагии истењсолкунандагон, фаъолияти якљояи вазорату идорањо, ташкилотњои љамиятї ва истеъмолкунандагон дар самти њифзи бозори истеъмолї аз мањсулоти пастсифат ва хатарнок, идомаи корњои фањмондадињї дар љумњурї маълумот дода ба саволњои иштироккунандагон  посух доданд.                                                                  

Шерзода Ситора Љалол ба азоёни зергурўњ барои корњои анљомдодашуда  миннатдорї  намуда, доир ба муњимияти масъала бори дигар таъкид намуданд ва доир  ба таъмини нуќтањои савдои  намаки ошї бо индикаторњо барои муайян намудани њиссаи массаи йод дар намаки ошї ќайд намуд, ки барои иљроиши њатмии ин њолат ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумхурии Тољикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» мувофиќи маќсад аст.