ХАБАРҲО

2019-06-21: Регламенти техникии “Бехатарии гази табии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодакардашуда” қабул гардид.

Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон   аз 31 майи соли 2019, №274  Регламенти техникии “Бехатарии гази табии сўзандаи барои интиќол ва истифодабарї омодакардашуда” ќабул карда шуд. Регламентии техникии мазкур  љињати иљрои супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2018, № 8554 (27-6)  дар асоси талаботи ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдарори техникї» “Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истењсолии хатарнок” “Дар бораи нафт ва газ”  аз љониби Агентии  Тољикистандарт њамчун маќоми соњаи бамеъёрдарории техникї дар якљоягї бо вазорату идорањои дахлдор тањия гардид.

Ин санади меъёрї-техникї бо маќсади ба танзим даровардани бозори истеъмолї ва муќаррар намуддани талаботи ягона ба гази табии сўзишвории барои интиќол ва истифодабарї омодакардашуда, њифзи њаёт ва саломатии инсон, амвол, муњити зист, њаёту саломатии њайвонот ва наботот, огоњсозии амалњое, ки истеъмолкунандагонро (истифода-барандагонро) ба иштибоњ мебаранд, тањия гардидааст.       

Бояд ќайд кард, ки дар Љумњурии Тољикистон  стандартњои байнидавлатї  дар ин самт амал  амал менамоянд, ки нисбати  газњои табии меъёрњои техникї муќаррар намудаанд, аммо тибќи талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи стандартонї» интихоби онњо барои истифода аз љониби субъектњои хољагидор ихтиёрї мебошад.  (ГОСТ 5542-2014 «Газы горючие природные промышленного и коммунально-бытового назначения. Технические условия» ва ГОСТ 27577-2000 «Газ природный топливный компримированный для двигателей внутреннего сгорания. Технические условия»)

Бинобар ин, Агентии Тољикстандарт дар асоси дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон њамчун маќомоти ваколатдори соњаи бамеъёрдарории техникї  љињати муќаррар намудани талаботи њатмї  дар якљоягї бо вазорату идорањои дахлдор регламенти техникии мазкурро тањия намуд.

Дар  регламенти техникї талаботи њатмї нисбати гази табии сўзишворї (ГТС), гази табиии сўзишвории фишурдашуда (компримированный), гази табиии сўзишвории таъиноти саноатї ва коммуналї-маишї ва гази табиии сўзишвории моеъ (ГТСМ) муќаррар гардида, таъмини бехатарии техникии  таљњизоти асосї ва ёрирасон ва пешгирии бехатарї аз сўхтор ба инобат гирифта шудаанд. Инчунин, дар   регламенти техникии мазкур  талабот нисбати Шабакањои компрессории газпуркинии автомобилї (ШКГПА) низ муќаррар гардидаанд.

Бо маќсади такмили пурраи он  муддати муайян  лоиња бо вазорату идорањои дахлдор  аз он љумла, Вазорати энергетика ва захирањои об, Вазорати адлия, Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корњои долхилї мавриди баррасї ќарор дода шуда, тамоми пешнињодњои асоснок дар ин санад ба инобат гирифта шудааст. 

Регламенти техникии “Бехатарии гази табии сўзандаи барои интиќол ва истифодабарї омодакардашуда” пас аз шаш моњи ќабули он мавриди истифода ќарор дода мешавад.