ХАБАРҲО

2019-05-22: Татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд  ҷаласаи васеи кормандон вобаста ба омӯзиши манти суханронӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар баргузор гардид.

Муовини директори Марказ Сангин Сангинзода дар оғози ҷаласа зикр намуд, ки зимни мулоқот ва суханронӣ Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карда, аз проблемаҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, оиди бартараф кардани онҳо, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии кишвар мусоидат мекунад ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Нотиқони дигар зикр намуданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ вазифадор аст, ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, такмили ихтисоси мутахассисон, риояи одоби хизматчии давлатӣ, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони кишвар саҳми худро гузоранд.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаи татбиқи Фармони Президенти мамлакат  дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаҳо баён гардида, зикр карда шуд, ки фаъолияти созмонҳои террористӣ хислати фаромарзиро гирифта, барои амнияти қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон хатар эҷод мекунад. Таҷрибаи Тоҷикистон ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар самти таъмини сулҳу ваҳдат ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа барои дигар кишварҳо намунаи ибрат мебошад.