ХАБАРҲО

2019-05-16: Воридоти бештар аз 130 тонна рағани пастсифати нахл (пальма) пешгирӣ шуд

Дар самти пешгирї намудани воридоти мањсулоти пастсифат ва ба саломатї хатарнок ва таъмини риояи талаботи њатмии њуљљатњои меъёрии техникї – Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон мунтазам аз љониби мутахассисони Агентии Тољикстандарт бо воридкунандагон ва истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї корњои фањмондадињї ба роњ монда мешаванд.

Новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон то ба ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки ба бемасъулияти роҳ дода, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.

Аз љумла, дар доираи корњои сертификаткунонии мањсулот љињати гузаронидани ташхиси муќоисавї аз љониби Маркази Тољикстандарт дар шањри Истаравшан ба озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт намунаи равѓани нахл (пальма) (истењсоли Малайзия) пешнињод шуда буд.

Намунаи равѓани мазкур бо риояи ќоидањои ташхис ва истифодаи усулњои муќарраршуда дар озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўроквории Агентии Тољикстандарт аз ташхис гузаронида шуд.

Дар раванди ташхиси физикї-кимиёвї муайян карда шуд, ки  намунаи равѓани нахли пешнињодгардида аз рўи нишондоди сифат ва бехатарї ба талаботи њуљљати меъёрї – ГОСТ 31647-2012 «Масло пальмовое рафинированное дезодорированное для пищевой промышленности» ва Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон РТ ЉТ 010-2016 «Бехатарии мањсулоти хўрокворї» мутобиќ нест.

Бо дарназардошти ин, ба мањсулоти мазкур сертификати мутобиќат дода нашуд ва барои муайян намудани њолати минбаъдаи миќдори умумии равѓани нахли воридгардида, ки 130,733 тоннаро ташкил медињад, ҷиати тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани масулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешнињод гардид.