ХАБАРҲО

2019-04-18: Воридоти 2343 кг гӯшти мурғи пастсифат пешгирӣ шуд

Дар самти њимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок аз љониби Агентї мунтазам тадбирњои амалї андешида мешавад.

Аз љумла чанде ќабл аз љониби ширкати воридкунандаи ватанї ба Агентї барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ ба мањсулоти гўшти мурѓи бутун (истеҳсоли Туркия), ки миќдори умумиаш-21 108 кг ва аз рўи санаи истењсол панљ гурўњ (партия)-ро ташкил медод, дархост ворид гардид.

Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи гўшти мурѓи бутун, ки тибқи санади гирифти намуна ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквории дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод шуда буд, муайян карда шуд, ки  намунаи гўшти яке аз гурўњњои пешниҳодгардида (миќдори умумиаш 2343 кг) аз рўи нишондоди сифат ва бехатарї ба талаботи Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон «Бехатарии мањсулоти хўрокворї» мутобиќ нест.

Бо назардошти ин, ба миќдори 2343 кг гўшти мурѓи бутун сертификати мутобиќат дода нашуд ва мањсулоти мазкур тибќи тартиби муќарраршуда ба сифати хўроки њайвонот (ба “Боѓи њайвонот”-и шањри Душанбе)  пешнињод гардид.

Аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсї боло гузоранд ва масъулияти баланди ватандўстӣ дошта бошанд.