ХАБАРҲО

2019-04-18: Намояндаи Љумњурии Тољикистон  сазовори  унвони  ифтихории «Метрологи хизматнишондодаи КООМЕТ»

Аз  2 то 4 апрели 2019 года дар шањри Дрездени Олмон љаласаи 29-ми Кумитаи «Њамкорињои АвруОсиёгии муассисањои давлатии метрологї» (КООМЕТ) баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Арманистон, Беларус, Босния ва Њерсеговина, Олмон, Гурљистон, Ќазоќистон, Љумњурии Мардумии Чин, Куба, Ќирѓизистон, Литва, Молдова, Русия, Словакия, Тољикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина инчунин, намояндагони ташкилотњои байналмилалї ва байниминтаќавии метрологї аз ќабили BIPM, ОIML, EURAMET, WELMEC, APMP иштирок доштанд.

Љумњурии Тољикистонро дар  љаласаи  мазкур муовини аввали директори Агентии Тољикстандарт Пирназарзода Диловар ва  сардори Раёсати таъминоти метрологии воситањои ченак Рањимзода Љурахон муаррифї намуданд.

Дар рафти љаласа намояндагони зиёда аз 20 кишвар сараввал ќарорњои  ќабулгардидаи   љаласаи 28-уми Кумитаи КООМЕТ-ро баррасї намуда, сипас баромади Президенти КООМЕТ В. Гуревичро шуниданд. Њамзамон, дар љаласаи  мазкур  масъалањои  такмили фаъолияти КООМЕТ, аз он љумла фаъолияти оид ба  мањакњо, рафти амалишавии низоми идоракунии  сифат дар пажуњишгоњњои  миллии  метрологї ва   масъалањои татбиќи Созишномаи  CIPM MRA  мавриди  баррасии  иштирокчиён ќарор дода шуданд.

Дар баробари  дигар  масъалањо, хамчунин  ќарор дар бораи сарфароз намудани мутахассисони ташкилотњои мамлакат-иштирокчии КООМЕТ барои  сањми бузургашон  дар кор ва фаъолияти  КООМЕТ  ба Унвони ифтихории «Метрологи хизматнишондодаи КООМЕТ»  ва  мукофотонидани онњо бо нишони сарисинагї тасдиќ карда шуд.

Аз  шумораи  21  пажуњишгоњи  миллии  метрологї њамагї  5 нафар ба ин унвони ифтихорї сазовор гардиданд, ки дар байни онњо намояндаи љумњурии мо – сардори Раёсати таъминоти метрологии воситањои ченаки Агентии Тољикстандарт Рањимзода Љурахон Рањмоил низ ќарор дошт.

Боиси ифтихор аст, ки дар таърихи њамкорињои байни Љумњурии Тољикистон ва созмони «Њамкорињои Авру-Осиёгии муассисањои давлатии метрологї» бори аввал аст, ки намояндаи љумњурии мо ба чунин унвон сазовор гардидааст.