ХАБАРҲО
2019-03-29: ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗӢ ОЛАМАФРӮЗ ДАР МАРКАЗИ ТОҶИКСТАНДАРТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Аз замони бостон то ба имрӯз ҳазорсолаҳо иди Наврӯзи фархундапай таҷассумгари эҳё ва ваҳдати табиату инсон арзёби мегардад. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дустию хамдилии инсонҳо мебошад. Дар рӯзҳои ҷашнгирии иди Наврӯзи Аҷам бо ташаббуси роҳбарияти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд барои кормандон дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста шуд, ки гирди он собиқадорони меҳнат ва аҳли коллектив ҷамъ омада бо таманноҳои беҳтарин соли нави миллиро пешвоз гирифтанд.
Директори Марказ Маҳмадӣ Давлатов аз номи директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд иштирокчиёни ҷашни Наврӯзиро табрику таҳният намуда, зикр дошт, ки Наврӯзи Аҷам-иди воқеан миллӣ ва ҷаҳонӣ буда, бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад ва тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои башардӯстӣ мебошад, ки инсонҳоро ба бунёдкориву созандагӣ, некиву саховат меҳрубониву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.
Нотиқони дигар таъкид карданд, ки Наврӯз аз қадимулайём мардуми моро ба сӯи фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ, дастовардҳои нав ба нав, худшиносию ватандорӣ ва пешрафту комёбиҳо ҳидоят месозад ва ҳамагон орзу намуданд, ки бигзор Наврӯзи фархундапай шодмониву шодкомиро дар ҳаёту фаъолият ва рӯзгори ҳар як сокини кишвар арзони дорад ва ба гулгулшукуфии ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намояд.
- Маҳкамбой Каримов сардори дафтари
- матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд