ХАБАРҲО

2019-03-18: ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

Дар арафаи љашни Нарўзи байналмилалї дар Агентии Тољикстандарт маросими тантанавии таљлили Наврўзи хуљастапай – Соли нави аљдодї бо иштироки роњбарият ва доираи васеи кормандон баргузор гардид.  Ин љашни пурфарањро кормандони Тољикстандарт бо шукргузорї аз фазои истиќлолу озодиву ободї истиќбол намуда, гирди дастурхони пурфайзи наврўзи љамъ омаданд.

Директори Агентї Давлатзода Ќудрат зимни сухани табрикоти бо камоли фараҳмандӣ њозиринро ба ифтихори иди зебои табиат, иди миллиамон – Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта, ба њамагон бахти фирӯз, файзи рӯзгор ва бурдборї таманно намуд. Њамзамон, зикр гардид, ки љаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ эълон шудани он барои мо - мардуми орёитабор муждаи фараҳбахшест. Бо кӯшишҳои пайгиронаи авлодони хирадманду бономусу сарбаланди гузаштаи мо Наврӯз арзишҳои суннатӣ ва оинҳои мардумии худро гум накард. Ва ин иди пуршукӯҳ то насли соҳибистиқлол расид ва то имрӯз бо анъанаҳои нек густариш меёбад.

Ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштани ифихорӣ миллӣ ва худшиносии миллии халқи тоҷик яке аз хизматҳои бузурги Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад.

Наврўз яке аз бузургтарин љашнњои бостонии халќњои  форсизабон ва миллати тољик аст, ки аз қаъри асрњо то ба замони мо расидааст.

Дар байни ниёгонамон расм шуда буд, ки дар айёми Наврӯз хусумату кинаҳоро аз дилҳо берун месохтанд, дасти нотавону дармондагонро мегирифтанд, ба онҳо дасти ёрӣ мерасониданд. Аз ин рӯ, ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав, фасли нави  нозанин, эҳёи табиат, махсусан замин аст, мардуми мо манзилу кошона, кӯчаву хиёбонҳоро тозаю обод менамоянд, зеро файзу баракат дар тозагию озодагӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки тантанањои пуршукўњи наврўзї аз намоиши њунарњои мардумї ва чорабинињои гуногуни идона иборат буд. Дар доираи пешнињоди «Гўшаи наврўзї» байни раёсату шуъбањои Агентї озмунњои «Хони бењтарин», «Бењтарин таоми миллї», «Кадбонуи бењтарин», «Њунарњои мардумї», «Ќироатгари бењтарин», «Нишонзани бењтарин», «Футболбози бењтарин», «Ихтироъкори бењтарин» ва мусобиќањои хурди варзишї гузаронида шуда, ѓолибон бо Ифтихорнома ва туњфањо сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, ба ифтихори таљлили бошукўњи Наврўзи оламоро намунаи Ангораи «Наврӯз-2019» дар саҳни ҳавлии Агентии Тоҷикстандарт насб карда шудааст, ки ба иттилои АМИТ «Ховар» калонтарин намунаи Ангораи «Наврӯз-2019» мањсуб меёбад. Намунаи Ангораи азим намуди доирашакл дошта, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» инъикос ёфтаанд.