ХАБАРҲО
2019-03-11: ТОҶИКСТАНДАРТ:ҲАМКОРӢ БО ҶУМҲУРИҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА РУШДИ СОДИРОТ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД
Бо мақсади баланд бардоштани сифати мањсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат ба рушди содирот дар доираи лоиҳаи “Соддагардонии раванди тиљорат дар Осиёи Марказӣ” љињати тањияи стандартњои кишоварзӣ Агентии Тољикстандарт бо Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) ҳамкории пайваста дорад ва дар доираи ин њамкорињо ва ќабули стандартњо оид ба мевањои хушк, аз тарафи Агентии Тољикстандарт стандартњои КАИ СММ «Себи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) њамчун стандарти миллї тањия карда шуданд ва пас аз баррасї дар љаласањои гурўњи корї оид ба стандартњои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатњои аъзо ќабул гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки тањияи стандартњои сифати мањсулоти кишоварзӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Комиссияи иќтисодии Аврупоии СММ (ЕЭК ООН) дар Љумњурии Тољикистон имкон медињад, ки меваю сабзавот ва донагињо ба бозорњои Аврупо бе монеа содирот карда шаванд.
Бо ин маќсад љињати љорї намудани стандартњои байналмилалие, ки барои дастрасии васеи мањсулоти кишоварзии кишварњои Осиёи Марказї дар бозорњои ИМА, Аврупо ва Осиё мусоидат менамоянд, тањия ва таљдидиди стандартњои кишоварзии Комиссияи иќтисодии Аврупоии СММ (ЕЭК ООН) дар Осиёи Марказї ва таъсиси Гурўњи кории техникї дар ин самт аз љониби роњбарони маќомоти стандартизатсия ва метрологияи Љумњурии Ќирѓизистон, Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Љумњурии Ўзбекистон (Узстандарт) ва Агентии Тољикстандарт Протоколи дурнамои ҳамкорӣ ба имзо расид,
Айни замон бо ҷалби намояндагони маќомоти марбутаи кишварҳои Осиёи Марказї, аз љумла аз Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гурӯҳи кории техникї таъсис дода шуд ва љалаи якуми он дар шањри Бишкеки Љумњурии Ќирѓизистон баргузор гардид.
Дар љаласаи мазкур пешнињод гардид, ки љаласаи навбатӣ дар Љумњурии Тољикистон гузаронида шавад. Тибқи консепсияи гурӯҳи мазкур баргузории љаласаи навбатї санаи 08-09 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе пешбинї гардидааст.
Баргузорӣ ва сарпарастии љаласа аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (ЕЭК ООН), Љамъияти Олмонї оид ба њамкорињои байналмилалї дар Тољикистон (GIZ) ва Љамъияти “Hilfswerk Internation” амалӣ мегардад, ки дар чорабинии мазкур иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута, бахши хусусӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти меваи хушк ва содиркунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ дар назар аст.
Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба таќвияти содирот бо ташкилотњои байналмилалии тањиякунандаи стандартњо њамкорињо вусъат ёфта, дар ин самт корњои муайяне ба сомон расонида шуд. Бо маќсади дастгирии соҳибкорон ва таќвияти рушди содирот, барои тањияи стандартњои мањсулоти кишоварзї ва бе монеа роњ ёфтан ба бозори љањонї бо ташаббуси Агентии Тољикстандарт, дар ҳамкорї бо ташкилоти байналмилалии «Hilfswerk Austria», «GIZ» ва «UNDP» дар Љумњурии Тољикистон барои содироти мањсулоти ватанї ба хориљи кишвар гурўњи кории техникї ташкил карда шуда, аз тарафи гурўњ рисолаҳои тавзењї аз руи стандартњои байналмилалии “ЕЭК ООН FFV-25” барои содирот ва назорати сифати мањсулоти пиёзи барваќтї ва стандарти “ЕЭК ООН FFV-63” барои содирот ва назорати сифати мањсулоти хурмо тањия шудаанд.
Айни замон, аз љониби гурўњи корї оид ба тањияи стандарти байналмилалї барои меваи лиму корњо оѓоз гардида, дар асоси талаботи байналмилалї љињати ба ќайд гирифтани нишондињандањои зарурии лиму аз љумла нуќсонњои табиї, нуќсонњои техникї, намуд, шакл, вазни он намунањо гирифта шуда, корњои бањодињї идома доранд.