ХАБАРҲО

2019-03-09: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ: ТОЉИКСТАНДАРТ БО ИСТЕЊСОЛКУНАНДАГОНИ МАЊСУЛОТИ ХЎРОКВОРЇ ДАР МИНТАЌАИ КЎЛОБ МАШВАРАТ ДОИР НАМУД

Боиси ифтихор аст, ки имрўз Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти тањким бахшидан ба рушди соњибкорї таваљљуҳи хоса зоҳир намуда, бо маќсади ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Љумњурии Тољикистон кўшиш ба харљ дода истодааст. Сиёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли мањсулоти воридотивазкунандаи ватанї ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корї яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллї мањсуб меёбад. Вобаста ба ин Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз суханронињояшон иброз намуданд: «Таъмини рушду пешрафти  фаъолияти соҳибкорӣ аз љумлаи самтҳои асосии фаъолияти давлат ва њукумати кишвар ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорї, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон мунтазам тадбирҳои амалї андешида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти ањамияти соњаи саноат дар њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої ва таъсиси љойњои нави корї аз љониби Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон саноатикунонии босуръати кишвар њадафи чоруми стратегии миллї эълон карда шуд.

Бо маќсади амалї намудани њадафи чоруми стратегии миллї – саноатикунонии босуръат ва мусоидат ба рушди содирот бо ташаббуси Агентии Тољикстандарт рўзи 5 марти соли 2019 дар минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон семинари омўзишї бо истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї дар мавзўи “Риояи талаботи регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї – омили асосии истењсоли мањсулоти босифат ва бехатар” баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар минтаќаи Кўлоб, раёсати кумитаи бехатарии озуќаворї, маркази санитарию эпидимиологї ва зиёда аз 80 нафар соњибкорон – истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї аз шањри Кўлоб, ноњияњои Восеъ, Њамадонї, Фархор, Муъминобод, Ш. Шоњин ва Ховалинг иштирок намуданд.

Сардори раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикстандарт Ашўрзода Суњроб зимни сухани ифтитоњї зикр намуд, ки семинари мазкур бо маќсади баланд бардоштани маърифати њуќуќии соњибкорон љињати таъмини бехатарии мањсулоти истењсолї ва бењтар намудани сифати он гузаронида мешавад.  Њамзамон ќайд гардид, ки риояи талаботи регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї дар корхонањои истењсолї яке аз омилњои асосии истењсоли мањсулоти босифат,  бехатар  ва љавобгў ба талаботи муосир ба њисоб меравад. Вобаста ба ин соњибкорони ватаниро зарур аст, ки бо дарки баланди маъулият дар љараёни истењсолот талаботи ќонунњои дахлдор ва регламентњои техниро роия намуда, дар самти таъмини амнияти озуќаворї, баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии молу мањсулот ва дар маљмуъ ба рушди иќтисоди миллии мамлакат сањмгузор бошанд.

Дар раванди семинар мутахассисони Агентї мазмуну муњтавои ќонунњои соњаи танзими техникї ва регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон, аз љумла “Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї”, “Бехатарии борљома”, “Бехатарии мањсулоти хўрокворї”, “Мањсулоти шарбатї аз мевањо ва сабзавот”-ро ба соњибкорон тариќи рўнамо шарњу тавзењ доданд. Њамзамон, ба соњибкорон оид ба афзалиятњои љорї намудани низоми менељменти сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањои истењсолї пешнињодоти муфид дода шуд.   

Бояд ќайд намуд, ки дар љараёни семинар соњибкорон фаъолона ширкат варзида, дар ќисмати музокирот ба мутахассисон оид ба талаботи регламентњои техникї, ањамияти љорї намудани низоми менељменти сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањо ва роњњои пайдо намудани имкониятњои содироти молу мањсулот ба хориљи кишвар пурсиш ба амал оварда, посухњои мушаххас гирифтанд.

Агентии Тољикстандар иќдом гирифтааст, ки дар њошияи саноатикунонии босуръати кишвар дар тамоми манотиќи мамлакат чунин мулоќоту семинарњои омўзиширо ба роњ монад.