ХАБАРҲО

2019-03-09: ТАЉЛИЛИ БОШУКУЊИ РЎЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ ТОЉИКСТАНДАРТ

Имрўз дар маљлисгоњи Агентии Тољикстандарт бо иштироки роњбарияти Агентї ва њайати кормандон бахшида ба Рўзи модар љамъомади тантанвї баргузор гардид. Зимни сухани ифтитоњї директори Агентї муњтарам Давлатзода Ќудрат Ќамбар кулли бонувонро ба ифтихори ин рўзи фархунда- Рузи модарон, ки ба тантанањои пуршукуњи бањори нозанин   тавъам аст, самимона шодбош гуфт. Њамзамон зикр гардид, ки модари тоҷик дар тўли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангї, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Модарони арљманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму оинҳои миллї ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз бо дарназардошти ҳамин мартаба ва ба хотири арљгузорї ба нақши онҳо мебошад.

Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат ба неруи занону  модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд. Дар сатҳи давлатї ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва њукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад. 

Дар охир тибќи фармоиши директор бонувони Агентї бо ифтихорнома ва туњфањои хотиравї ќадрдонї шуданд.