ХАБАРҲО

2019-02-06: Нишасти матбуотї бо намояндагони ВАО

4 феврали соли 2019 дар асоси муќаррароти Наќшаи ташкил ва гузаронидани нишастњои матбуотї, дар Агентї бо иштироки намояндагони воситањои ахбори омма нишасти матбуотї доир гардид.

Дар нишаст 21 нафар хабарнигор аз шабакањои телевизион ва радиои љумњурї, рўзномаю маљаллањо, инчунин дигар нашрияњои оммавї ширкат доштанд.

Ба хабарнигорон вараќањои иттилоотї ва шумораи навбатии маљаллаи соњавии «Стандарт ва сифат», ки  дар он оид ба фаъолият ва навгонињои соња маводњо ба табъ расонида шуда буданд, пешнињод гардид.

Дар ин робита бо тавсеа додани фаъолияти озмоишгоњњо ќабл аз нишаст рўзноманигорон бо фаъолияти озмоишгоњњо, аз љумла озмоишгоњи навтаъсиси санљиши ноќилњои барќї, шинос гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2018 бо маќсади таъмини шаффофият дар фаъолияти сертификаткунонї дар самти пешнињоди намунањои мањсулот ба озмоишгоњ дар Агентї низоми равзанаи ягонаи дохилиидоравї ташкил карда шуд ва намунаи мањсулот ба таври раќамгузорї дар њуљраи алоњида ќабул карда шуда, барои ташхис пешнињод мешавад. Дар пешнињоди намунаи воситањои ченак низ чунин тарзи корбарї ба роњ монда шудааст. Дар ин робита ба хабарнигорон оид ба низоми равзанаи ягонаи дохилиидоравї маълумот дода шуд.  

Сипас, аз љониби хабарнигорон оид ба самтњои фаъолияти Агентї, дар соли 2018, аз он љумла љињати њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, санљиши воситањои ченак, сифати мањсулоти хўрокворї, татбиќи ченаки ягона, маълумот оид ба истењсоли мањсулоти ватанї ва истифодабарии стандартњо, сифати хизматрасонињо ва амсоли ин саволњо пешнињод шуданд, ки аз тарафи роњбарият ва масъулини соња ба њамаи пурсишњо љавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар самти њимояи бозори истеъмолї дар доираи ба роњ мондани корњои фањмондадињї тариќи васоити ахбори омма ва њамзамон љињати баланд бардоштани маърифати њуќуќии истеъмолкунандагон аз љониби роњбарияти Агентї ба рўзноманигорон пешнињод гардид, ки мунтазам дар њамкорї барномаву маводњои фањмондадињї ба роњ монда шавад. Таклифро  хабарнигорон хуш пазируфтанд ва бањри амалї намудани он ибрози назар карда шуд.

Инчунин пешнињоди хабарнигорон љињати омода намудани барномањои алоњида дар мавзўи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон дар њамкорї бо шабакањои телевизиону радио ба инобат гирифта шуд. 

Агентии Тољикстандарт мунтазам њамкориро бо васоити ахбори омма таќвият дода, барои дар сатњи баланд гузаронидани нишастњои матбуотї бо хабарнигорони воситањои ахбори омма, шароитњои мусоид фароњам меорад.

Инчунин иќдоми роњбарияти Агентї љињати дар бозорњои љумњурї бо соњибкорон ва фурўшандагон гузаронидани вохўрию суњбати ошкоро ва дар ин самт љалби воситањои ахбори омма муњим арзёбї гардида, аз љониби рўзноманигорон дастгирї карда шуд.