ХАБАРҲО

2019-02-08: Мутобиќ намудани талаботи регламенти техникии «Мањсулоти тамоку» ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мањдуд намудани истифодаи мањсулоти тамоку»

Аз тарафи мутахассисони Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикистандарт дар мувофиќа бо вазорату идорањои дахлдор лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 8 феврали соли 2018, №58», тањия гардида истодааст,  ки маќсади он мутобиќ намудани талаботи регламенти техникии «Мањсулоти тамоку» ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мањдуд намудани истифодаи мањсулоти тамоку» мебошад.

Ќобили зикр аст, ки  таѓйиру иловањо асосан ба бандњои 6, 10, 22, 30, 32 ва 34 Регламенти  техникии «Мањсулоти тамоку» пешбинї гардидааст, ки бо маќсади бартараф намудани мухолифати онњо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мањдуд намудани истифодаи мањсулоти тамоку» ворид карда мешаванд.  Масалан, тибќи талаботи ќонуни мазкур дар  банди 32 Регламенти техникї чунин таѓйрот ворид карда мешавад:  «Њар борпечи истеъмолии мањсулоти тамоку бояд маълумоти огоњкунандаи асосиро оид ба зарари истифодаи он, ки талаботи зерин љавобгў аст, дошта бошад:

- аз матн ва акс таркиб ёфта бошад:

-дар қисмати болоии зиёдтари рӯи борпечи истеъмолӣ, дар ҳар ду тарафи он ва на кам аз 75 фоизи сатҳи умумии њар як тараф љойгир бошад.

Таѓйиру иловањо воридггардида имрўз дар таљрибаи ќонунгузории дигар давлатњо низ бо маќсади солимгардонии ањолї ва огоњ намудани истеъмолкунандагон аз оќибати истеъмоли мањсулоти тамоку ба назар мерасанд. 

Лоињаи ќарори мазкур ба унвонии вазорату идорањои дахлдор барои баррасї ирсол гардида, њамзамон тавассути Маркази миллии иттилоотӣ оид ба монеаҳои техникӣ дар савдои Агентии Тоҷикстандарт тибқи тартиби муқарраргардида ба унвонии котиботи СУС ирсол карда шудааст.

Матни пурраи лоиҳаи қарори мазкур бо забони давлатӣ ва русӣ (ФОРМАТ PDF)