ХАБАРҲО

2019-01-25: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2018

15 январи соли 2019 дар Агентии Тољикстандарт љаласаи мушовара оид ба љамъбасти фаъолият дар соли 2018 ва вазифањо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид. Дар љаласа муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Азим Иброњим, директори Агентї Давлатзода Ќудрат Ќамбар, муовинони директор, роњбарони марказњои зертобеи Агентї, сардорони сохторњои марказї ва доираи васеи кормандон иштирок намуданд.

Љаласаро директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Ќудрат оѓоз бахшида, вобаста ба баррасии масъалаи рўзнома доир ба фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Њумҳурии Тоҷикистон  дар давоми соли 2018 њисоботи муфассал манзур намуд.

Зикр гардид, ки дар радифи дастовардњо дар фаъолияти Агентї камбудию  норасоињо љой доранд. Вобаста ба ин Агентї љињати бартараф намудани камбудињои љойдошта фаъолиятро таќвият дода, давра ба давра ба натиљињои назаррас ноил мегардад.

Њамзамон, дар рафти ҷаласа муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон муњтарам Азим Иброњим аз фаъолияти Агентї дар ин давра натиљагирї намуда, оид ба иљрои сариваќтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, таъмини ченаки ягона, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, мусоидат ба рушди содирот, ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва дигар самтҳои фаъолият таъкид ба амал оварда ањли Агентиро барои воќеъбинона фаъолият намудан даъват намуд ва дар самти амалї шудани корњои ободонї, махсусан азнавсозии намои бинои Агентї, даромадгоњи он ва дар ин замина љињати ба танзим даровардани коргузорї ва ќабули намунањо тибќи усули равзанаи ягонаи дохилиидоравї ба истифода додани якчанд њуљрањои нави корї (њуљраи ќабули намунањои мањсулоти хўрокворї, њуљраи ќабули намунањои воситањои ченак, њуљраи ќабули пардохтњо, њуљраи ќабули мактубњо, њуљраи рухсатномадињї, њуљраи ќабули шањрвандон ва гўшаи соњибкор) бо шароитњои муосири корї, инчунин оид ба пешгирии воридоти бозичањои пастсифат изњори миннатдорї намуд.

Бо дарназардошти муҳокимаи масъалаҳо ва муҳиммияти онҳо дар ҷаласаи мушовараи Агентии Тоҷикстандарт қарорњо қабул карда шуд ва ба масъулин дастур дода шуд, ки љињати иљрои сариваќтии супоришњои дар љаласа додошуда кўшиш ба харљ дињанд.

Дар охир директори Агентӣ зимни сухани љамъбастӣ таъкид намуд, ки дар давоми соли љорї беҳтар намудани вазъу шароити озмоишгоҳҳои ташхисии соҳа, мусоидат ба тақвияти воридотивазкунандагии истеҳсолоти ватанӣ, љорї намудани стандандартњои байналмилалӣ дар корхонаҳо, пурзӯр намудани назорати бозори истеъмолӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок, дар дохил ва хориҷи кишвар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ва пешбурди дигар масъалаҳои муҳим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо мебошад ва ин моро водор месозад, ки боз њам хубтару беҳтар фаъолият намоем.

Имрӯз аз ҳар яки моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Њукумати Љумҳурии Тоҷикистонро ба хубї дарк намуда, содиқона ба халқу Ватанамон хизмат намоем.