ХАБАРҲО

2019-01-11: Паём барномаи амали мост

10 январи соли равон дар бинои Агентии Тољикстандарт бо иштироки Сардори раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Сулаймон, аъзоёни њизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва кормандони маќомот ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷамъомад доир гардид.

Диловар Пирназарзода, муовини аввали директори Агентии Тоҷикстандарт дар хусуси муҳимияти Паём дар ҳайёти сиёсиву дохилии кишвар изҳори назар намуда, иштирокчиёнро муррифӣ намуд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои назаррасу таърихии соли сипаригардида, нуктаҳои асосии Паём, саноатикунонии мамлакат, самаранок истифода бурдани обу замин ҷиҳати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши буҷаи давлатӣ, аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таҷдиди НБО Сарбанд, Қайроққум, Норак баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, саҳмгирии бештари занон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, забони давлатӣ, тарбияи фарзанд, дар мавриди бедорию ҳушёрии ҷавонон нисбати ҳаводису омилҳои номалуби аср –терроризму экстремизм ибрози назар намуд.

Дар он Мирзошариф Шарипов, устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф изҳор дошт, ки Паёми навбатӣ аз дастовардҳои азиму таърихии кишвар оғоз гардида, дорои муҳтавои хосаву муҳиме буд. Ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат паёми воқеан барҷаставу бузургест ва мамлакати моро аз бисёр лиҳоз рушду тараққӣ медиҳад. Саноатикунонӣ хоси давлатҳои тараққикарда буда, мустақилияти иқтисодии кишварро таъмин  мекунад. Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд ба саноатикунонии мамлакат дастёб гардид, ки ин низ дастовард ва муждаи некест ва ин  ҳадаф иҷро шуданист. Зеро заминаи воқеии расидан ба мақсад фароҳам аст. Ҳамзамон мавсуф дар мавриди “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” изҳори назар намуда, гуфт, ки ба ин сатҳ расидан бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон баъди ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегнӣ рушди деҳоти Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор медиҳад, ки ин ҳадаф низ олист  ва боиси ифтихору дастгирист.