ХАБАРҲО

 

Дар нимаи дуюми моњи ноябри соли равон бо маќсади гузаронидани аккредитатсияи байналмилалї дар Маркази ташхисии мањсулоти хўроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт ва марказњои вилоятии Суѓду Хатлон аз љониби коршиносони байналмилалї корњои санљишї доир гардид, ки дар рафти он пањлўњои гуногуни фаъолияти њамаи шуъбаву бахшњои озмоишгоњњо мавриди тањлил ва бањогузорї ќарор дода шуданд. Бањодињанда Телеутай Сиздиков, коршинос-аудитор Гулжан Кайранова аз «Маркази миллии аккредитатсия»-и шањри Астанаи Љумњурии Ќазоќистон ва Ќурбоналї Шеров коршиноси техникї аз Донишгоњи миллии Тољикистон ба фаъолияти озмоишгоњ ва мутахассисон баъд аз санљиш бањогузорї карданд. Коршиноси байналмилалї Телеутай Сиздиков дар суњбат фикру аќидаи худро оид ба натиљаи аккредитатсия ба мо чунин баён дошт.

         Бисёр хушнудам аз он ки дар гузаронидани аккредитатсияи такрорї  дар озмоишгоњи Агентии Тољикстандарт ширкат кардам. Ин навбат дар рафти аккредитатсия пешравињои хеле зиёди мусбиро мо пай бурдем. Дар муддати 11 соли фаъолиятам бо кору  пешрафти озмоишгоњњои  зиёде дар кишварњои гуногун шинос  гаштаам. Албатта  њар як озмоишгоњ ба тарзи худ кору пешрафт дорад  ва мо мувофиќ ба натиљаи  он бањогузорї мекунем. Њоло њам зарур аст, ки ин соњаро бояд даќиќ омўхт ва соњаи менељментро бештару бештар аз худ бояд кард, зеро он таќозои давру замон аст. Њар камбудие, ки дар рафти гузаронидани аккредитатсия мо эњсос кардему ба кормандон баён доштем, муњим ин аст, ки моро фањмида тавонистанд. Албатта чунин муносибат ба  кор  боиси пешрафт  мегардад ва умед аст, ки камбудињо сариваќт бартараф хоњанд шуд. Бештар аз њама аз он хушњолам, ки дар озмоишгоњи Агентии Тољикстандарт ва озмоишгоњи бахши минтаќавии шањри Ќурѓонтеппа якмаром фаъолият идома дорад. Дар чунин вазъият рафти кор  њатман хуб мешавад. Дар њоли зуд – зуд иваз  шудани кормандон албатта камбудиву нуќсонњо эњтимол аст, афзун гардад.  Дар сўњбату вохўрињо низ пешнињод кардам, ки  бештар њуљљатњои заруриро омўзанду дар пешрафти кор самаранок истифода баранд. Ман њамеша ба њамкасбон мегўям, ки њуљљатњои соњаи менељмент ин танњо иборат аз коѓазу њуљљат нест, балки он воситаи њимояи озмоишгоњ аст ва дар њолати зарурї  шафофиятро  исбот  карда  метавонад.  Аз ин рў бояд сариваќт њуљљатњоро љобаљо карда, њар як далелро дар муњлати муайян бояд ба ќайд гирифт, то ин ки кор мушкил нагардад.  

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...