ХАБАРҲО

2017-02-02: Машварат бо истењсолкунандагони хишт

22.02.2017: Машварат бо истењсолкунандагони хишт

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба низом даровардани фаъолияти корхонањои истењсолї асосан тибқи санадҳои меъёрї- техникї ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин дар Агентии Тоҷикстандарт таҳия ва ќабули чунин њуљљатњо дар мадди аввали фаъолият меистад ва имрӯз бо назардошти рушди соҳа ва талаботи замони муосир ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Қабул шудани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрї- ҳуқуқї ва техникї дар ин самт ва ба роҳ мондани фаъолият тибқи талаботи онҳо далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дар ин замина, дар баробари дигар њуљљатњои меъёрї - техникї Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» тањия ва ќабул шудааст, ки истењсол, ба муомилот баровардан, бехатарї, тамѓагузорї, интиќол ва нигоњдориии масолењи сохтмониро ба танзим медарорад.

Вобаста ба роияи талаботи Регламенти техникии мазкур дар муњлатњои муќарраршуда, тибќи наќша дар корхонањои истењсоли хишт назорати давлатї гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисон корњои фањмондадињї ба роњ монда мешавад. Њамзамон, барои гузаронидани корњои сертификаткунонї ба миќдори муайяни (як партияи) мањсулоти истењсолшаванда, аз мањсулоти истењсолгардида намуна гирифта шуда барои ташхис ба озмоишгоњњои ваколатдор супорида мешавад. Баъд аз гирифтани хулосаи озмоишгоњ ва ба талабот љавобгў будани мањсулот, ба њамон миќдори муайяни мањсулот сертификати мутобиќат дода мешавад. Чунин раванди кор дар корхонањои истењсоли хишт низ амалї карда мешавад. Аммо, лозим ба зикр аст, ки хулосаи ташхиси масолењи сохтмонї, аз љумла хишти сохтмонї, на дар Тољикстандарт, балки дар дигар озмоишгоњњои ваколатдор, ки аз аккредитатсия гузаштаанд, роњандозї мешавад ва тибќи хулосаи протоколии ин озмоишгоњњо ба хиштњои сафолї сертификат дода мешавад. Тавре ки зикр гардид, сертификат фаќат ба миќдори муайяни мањсулот дода мешавад, аммо боќї ба инсофи истењсолкунанда аст, ки бо роњи пинњонї бидуни барасмиятдарорї, ба таври иловагї, барои ќонеъ намудани фармоишњо мањсулот истењсол намуда, ба муомилот барорад ва шояд дар ин ваќт номутобиќатии мањсулот ба талаботи њуљљатњои меъёрї, аз љумла номутобиќатии андозањои хишт пайдо шавад. Албатта дар раванди фаъолият чунин њолатњо ошкор шуда, ба истењсолкунандагон чорањои маъмурї андешида шудаанд.

Мусаллам аст, ки санљишњо тибќи талаботи ќонунњои амалкунанда, танњо дар муњлати муќарраршуда гузаронида мешаванд ва санљишњои ѓайринаќшавї танњо тибќи шикояти истеъмолкунандагон ё дархости маќомоти њифзи њуќуќ гузаронида мешаванд.

Бо вуљуди ин барои бењтар намудани сифати хишти истењсолї мутахассисон аз њамаи имкониятњо истифода намуда истодаанд. Аз љумла, масъалаи баланд бардоштани сифати маҳсулоти корхонаҳои хиштистеҳсолкунанда ва рақобатпазирии он дар бозори дохилї зимни машварат, ки 14 феврал дар Агентї доир гардид, баррасӣ шуд.

Дар машварат намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, роҳбарону масъулини корхонаҳои истењсоли хишти сафолии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд. Дар машварат масъалаҳои вобаста ба риояи талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» ва дар ин замина беҳтар намудани сифати хиштҳои сохтмонї баррасӣ гардида, аз ҷониби мутахассисон ба соҳибкорон тавсияҳо дода шуд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки њоло корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии мамлакат тамоми шароиту имкониятҳоро доранд, ки маҳсулотҳои босифат ва бехатар истеҳсол намуда пешкаши истеъмолкунандагон намоянд.

Боварии комил дорем, ки соҳибкорони мо бо ҳиссаи баланди масъулиятшиносї ва нангу номуси ватандорї, барои рушди минбаъдаи истеҳсолот, бехатар намудани сифати маҳсулот камари ҳиммат мебанданд.