ХАБАРҲО

2018-12-21: Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат

20 декабри соли 2018 дар Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат баргузор гардид.  Дар ҷаласаи навбатии Шӯро масъалаҳои батанзимдарории санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ дар биноҳои баландошёна ва нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2019 баррасӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласа дар баробари аъзоёни Шӯро намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва кормандони  Агентии Тоҷикстандарт иштирок намуданд.

Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо Шӯрои мазкур қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба кори худ анҷом бахшид.

  • Котиби Шӯро, сардори шуъбаи низоми менеҷменти сифати Агентии Тоҷикстандарт  
  • Абдураҳмонзода А.