ХАБАРҲО

2018-12-05: Ободонӣ - мароми мо

Дар раванди маљлиси навбатии Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки санаи 29 ноябри соли 2018 тањти раёсати Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Њукумати мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон баргузор гардид, бо натиљагирї аз љамъбасти озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатї, мақомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї оид ба сохтмони майдончањои варзишї, бунёди боѓу гулгаштњо дар њудуди шаҳри Душанбе ва барои иљрои сифатноки корњои бунёду навсозии майдончаҳои варзишї ва боѓу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туњфаҳо ќадршиносї карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки Агентии Тоҷикстандарт дар озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатї, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї оид ба сохтмони майдончаҳои варзишї, бунёди боѓу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар самти бунёди майдончаи варзишӣ сазовори ҷойи якум гардид ва дар ин робита аз љониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари дигар ѓолибон, ба роњбари Агентї туњфа супорида шуд.

Лозим ба зикр аст, ки љињати иљрои Наќшаи чорабинињо оид ба сохтмони майдончањои варзишї, кабудизоркунї ва бунёди гулгаштњо дар њудуди шањри Душанбе, ки бо Фармоиши Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф тибќи лоиња корњои сохтмонї дар майдончаи варзишии воќеъ дар хиёбони Борбад, шањраки 62,назди биноњои 82, 84 ва 86 пурра ба итмом расонида шуда, санаи 14 июни соли 2018 бо иштироки масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе, масъулини Агентии Тољикстанадарт ва сокинони шањраки 62 мавриди истифода ќарор дода шуд. Иншооти мазкур тибќи лоиња дар масоњати 5284 метри мураббаъ бунёд карда шуда, аз майдончаи универсалии бозињои футбол, волейбол, баскетбол, таваќќуфгоњ, майдончаи бозии кўдакона ва нишастгоњњои фароѓатї иборат аст.

Њамзамон, бо маќсади сазовор пешвоз гирифтани љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар самти ба роњ мондани корњои созандагию бунёдкорї дар Агентї наќша - чорабинињои дохилиидоравї тартиб дода шуда, тибќи он дар дастгоњи марказї ва марказњои вилоятию минтаќавии Агентї, таъсиси озмоишгоњњои нав, таъмиру тармими биноњо, кабудизоркунию нињолшинонї, ба тартиб даровардани боѓу гулгаштњои назди биноњо, сохта ба истифода додани майдончаи варзишї ва дигар корњои вобаста ба ободонї амалї карда  мешаванд.

Аз љумла дар доираи корњои ободонї намои бинои Агентї ва ќисмати даромадгоњи он пурра азнавсозї гардида, дар ин замина љињати ба танзим даровардани коргузорї ва ќабули намунањо тибќи усули Равзанаи ягонаи дохилиидоравї якчанд њуљрањои нави корї (њуљраи ќабули намунањои мањсулоти хўрокворї, њуљраи ќабули намунањои воситањои ченак, њуљраи ќабули пардохтњо, њуљраи ќабули мактубњо, њуљраи рухсатномадињї, њуљраи ќабули шањрвандон ва гўшаи соњибкор) бо шароитњои муосири корї ба истифода дода шуданд.

Айни замон, дар асоси Фармоиши Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 20 ноябри соли 2018, №98-ф ба Агентии Тољикстандарт сохта ба истифода додани майдончаи варзишї дар њудуди шањри Душанбе, кўчаи Дењотї, 2, 4, Борбад 30 ва Яккачинор вобаста гардидааст ва Агентї омодааст, ки сохтмони майдончаи мазкурро низ дар муњлати муќарраргардида, бо сифати љавобгўй ба талаботи стандартњои байналмилалї ба анљом расонад.