ХАБАРҲО

2018-11-16: Эмомалӣ Раҳмон-пушту паноҳи миллат

Таърихи пайдоиш, ташаккул, мубориза ва наыши тамаддунофарии ҳар як халқу миллат дар масири таърих гуногун аст. Миллатҳое ҳастанд, ки дар пиёда намудани ормонҳои дирӯзию имрӯзии башарият нақши калидӣ доранд. Онҳо тавонистаанд бо нерӯи зеҳнии хеш дар тараққиёти инсоният таккони амиқ ба вужуд оранд. Дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт – илм, фарҳанг, адабиёт, санъат ангуштнамои даҳр гарданд. Тамаддуни Юнон, Миср, Бобулу Ошур, Байнаннаҳрайн, Рим, Форс, Суғду Бохтар ва Чинро метавон мабдаи асосии тамаддуни дунё ҳисобид. Бинои мӯҳташами тараққиёти серсоҳаи ҷаҳони муосир рӯйи зерпояҳои ин тамаддунҳо устувор гардидааст. Дарахти сершоху барги тамаддуни муосир реша андар умқи онҳо дораду аз он ғизо мегирад. Баръакс ҳофизаи таърих халқу миллатҳоеро медонад, ки дар раванди он нақши чашмрасе надоранд ва танҳо резачини хони тамаддунҳои дигаранд. Онҳо решаҳои бостонӣ надоранд, ё дар натиҷаи омезиши дигар қавму миллатҳо арзи ҳастӣ намудаанду нерӯи зеҳнии онҳо бисёр суст аст.

Давлати муқтадири Сомониён дар шукӯҳу шаҳомат, иқтидор, захираҳои зеҳнӣ аз давлатҳои Юнону Рим ва Мисри бостонӣ камӣ надошт. Метавон зуҳуроти онро асри тиллоии давлатдории тоҷикон дар масири таърих ҳисобид. Вай арзишмандтарину нодиртарин анъанаҳои давлатдории дунёи бостонро ба худ қабул намуда, дар айни замон мазмуну мундариҷаи онҳоро такмилу ташаккул дод. Ба илму эҷод, ривоҷи фарҳангу санъат роҳи фарох кушод. Нодиртарин шоҳкориҳои илм, санъат, фарҳанг ва адабиёти халқи тоҷик  ба ҳамин давра рост меоянд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсии Тӯсӣ, Закариёи Розӣ, Абӯубайди Ҷузҷонӣ ва садҳо дигар нобиғагон ҳамчун ситораи раҳнамои башарият дар осмони ҳамин давлат падид омадаанд. Минбаъд таҷрибаи давлатдории тоҷикон барои дигар халқу миллатҳо намунаи ибрат гашт ва онро дар  фаъолияти хеш васеъ истифода бурданд.

Соли 999 дар натиҷаи таъсири шадиди қувваҳои марказгурез, низоъҳои ҷоҳталабонаи дарборӣ, ҳуҷумҳои ногаҳонию пайдарпайи аҷнабиён, бетарафию фориғболӣ ва хиёнати хоҷагони зархарид давлати Сомониён рӯ ба нобудӣ ниҳод. То Инқилоби Октябр миллати тоҷик дигар давлат надошт. Бо вуҷуди бедавлатию маҳрумиятҳо ин миллат забон, анъанаҳои миллӣ, расму русуми аҷдодӣ, адабиёт, таърих, санъат ва илми волои худро фаромӯш накарду чун гавҳараки чашм ҳифз намуд. Асолати таърихии худро  ҳифз карда, рисолати тамаддунофарии худро рушду тараққӣ дод. Ба рағми истилои Чингизу ҷабру зулми ҳокимони бегона чун садди Чин побарҷой буд. Ба ҷойи тоҷики асилу бо нангу номус агар дигар халқу миллат мебуд, дар тӯли ҳазор сол бо дигар халқиятҳо омезиш ёфта, аз арсаи таърих нопадид мегардид.

Ташкили Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1924 ва баъдтар Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон соли 1929 имкон дод, ки миллати тоҷик аз ҳалоки хеш аз нав эҳё шавад. Дар ин самт корзору корномаҳои фарзандони содиқи ин миллат – устод Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Бобожон Ғафуров, Мирзо Турсунзода боиси фахру сазовори ситоиш аст. Чун ҳафтумин ҷумҳурии навташкил дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар обу оташи санҷишу корнамоиҳо обутоб ёфта, дар сохтмони давлати типпи  нав то сотсиализми мутараққӣ ва рушду нумӯи он ҳиссаи арзанда гузошт. Ҳазорҳо ҷавонписарону духтарони тоҷик дар солҳои ҶБВ ва корзорҳои минбаъдаи Ватани паҳновари хеш қувваю ғайрат ва ташаббусу ҷоннисорӣ нишон дода, номи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардоштанд.

Ҳаводиси пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои баъзе ҷамоҳири он, аз ҷумла Тоҷикистон бисёр гарон афтод. Баъди эълони истиқлолияти комил, ки ба санаи 9-сентябри соли 1991 рост омада буд, хоинони Ватан чун каждумони зери бурё таҳти ҳимояи хоҷагони хеш мехостанд, ки раванди сохти сиёсии мамлакатро куллан ба суди хеш тағйир диҳанд. Онҳо пушти ниқоби « демократия», «озодӣ», «инқилоб», «аз хоби гарон хез» ниятҳои нангину даҳшатбор ва хостаҳои хоинонаи худро амалӣ кардан мехостанд. Кишварро оқибати гирудорҳои шадиди сиёсӣ ва фитнаю найранги сарварону думравони ҳизби террористӣ ҲНИТ ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ватану миллатро чӣ аз дохилу чӣ аз хориҷ хатари нестӣ таьдид менамуд.

Ана дар ҳамин вазъияти душвори таърихӣ ва тақдирсоз сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Масъулияти идораи давлати тозаистиқлол ва ҳалли тақдири минбаъдаи миллат ба дӯши абарманди ҷасур Эмомалӣ Раҳмон афтид. Вай аз сари сидқ парчами муқаддаси Ватанро бӯсида савганд ёд намуд, ки нахуст ба оташи ҷанги хонумонсӯз хотима бахшида ҳамватанони ҷилои Ватан кардаро ба зодбуми аҷдодӣ бармегардонад, сипас ба таъмиру теъмори сарзамин камари ҳиммат мебандад.

Пас аз ҳазор соли бедавлатию маҳрумият, ноумедию хорию зиллат миллати тоҷик боз соҳиби давлати мустақили худ шуд. Пас аз ҳазор соли бесарварӣ миллати тоҷикро Худо боз як лутфу меҳрубонӣ ва эъҷози дигар ато намуда, ба сарвақти тақдири ӯ мардеро мартабаи сарварӣ дод, ки мисли Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ бо дасти пок, ақли сард, дили гарм ва ғурури Рустамона ба майдон омада, пушту паноҳи миллат гашт. Нахуст ӯ нагузошт, ки хоинони зархарид, ҳарисони симу зар ба орзӯҳои касифи худ расанд. Ӯ нагузошт, ки мулки аҷдодӣ, ки дар он хуни нофи ҳафт пушти тоҷик рехтааст пора- пора гардад. Ӯ нагузошт, ки боз мисли ҳазор соли қаблӣ чашми модари тоҷик дарёи хун гирад. Ӯ нагузошт, тоҷик боз хору асиру залил ва ғуломи ҳалқабаргӯши бегонагон гардад.

Нахустин нияту гоме, ки ин мард дар шоҳроҳи сангини сиёсат ниҳод, ин хомӯш намудани оташи хонумонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан  баргардонидани муҳоҷирини иҷборӣ буд. Баъди 5- соли заҳмату кӯшиш, ҷаьду талош, шабзиндадориву ҷонбозиҳо, аз худ гузаштанҳою дар худ нағунҷиданҳо вай ба мулки хеш сулҳ овард. Ваҳдати комилро, ки аз кули армуғонҳо олию волост ва заруртару азизтар буд, таъмин намуд. Имрӯзҳо дунёи мутамаддин дар мағзи андешаи худ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳазм карда, онро чун дастури нодир ба тамоми дунё тавсия намуд.

Ӯ бо баракати оёти қудсии Яздонӣ ва дасти дуои модари биҳиштӣ ба таъмиру тармими бинои мамлакатдорӣ камари ҳиммат баст. Ҳар ҷо, ки рафт чун булбул санои Ватан гуфт. Ба ҳар ҷое ташриф овард, баракату самар, шукӯфоию сарсабзӣ талабиду орзӯ намуд. Аҳсану офарин, ҳамду сано, ки ӯ буду ҳасту  хоҳад буд. Вагарна иғвою дасисаи бӯқаламунону морбозон, зарпарастону ватанфурӯшон, манқуртону оқипадарон ва шикампарастон моро ба куҷо мебурд.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ӯ исбот намуд, ки халқ дар интихобаш хато накардааст. Ӯ исбот кард, ки асосу сарҷӯю сарманшаи кулли тараққиёт, тинҷию амонӣ, амну осӯдагӣ, сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва якдигарбахшӣ аст. Ин мафҳумҳо гавҳари воло  ва якто аст, дар таҷрибаи давлатдориву давлатсозӣ. Кишвару сарваре, ки аз ин дурдонаҳои азалию абадии субот сарфи назар месозад, ҳеҷ гоҳ  пешрав намегардад…

Дар кӯтоҳтарину камтарин фурсат роҳандозӣ намудани нақшаҳои бузурги садсола дилу гурдаи ҳақиқӣ, азму суботи далерона ва қувваю щайрати тоҷикона мехоҳад. Қабули Конститутсия, пурзӯр кардани иқтидори ҳарбӣ, имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, ташкили парлумони касбӣ, сохтмони нақбҳои овозадори «Уштур», «Шаҳристон» ва «Чормағзак», бунёди НОБ - хои Сангтуда - 1 ва 2 идомаи сохтмони НОБ - и Роғун, сохтмони шоҳроҳҳои Қулма – Қароқурум, Шоҳон – Зиғар, роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб, роҳи оҳани Кӯлоб – Қурғонтеппа ва садҳою ҳазорҳо корхонаҳо мардию  шуҷоат, ишқу вафо, сидқу вафо ва имони комилу сангин металабад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осмони тақдири миллати тоҷик амсоли хуршеди тобонест, ки бо нуру зиёи хеш роҳи ояндаи миллатро равшанӣ мебахшад. Мурод аз ҳамаи азму талоши Пешвои миллат он аст, ки дар ин сарзамин насли худогоҳ, худшинос, солим, созанда, ободкор,ватандӯст ва тамаддунофар тавлиду тарбия ёбад ва номбардору сазовори корномаю корзори ниёгони баору номуси хеш бошад.