ХАБАРҲО

2018-11-15: Роғун ва Президент ду қитъаи дилҳост

Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Роғун ва Президент ду қитъаи дилҳост” бо иштироки арбоби шинохтаи давлатӣ Қозидавлат Қоимдодов, раиси ассотсиатсияи энертгетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мусоева, намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва доираи васеи кормандон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи нахустини неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини директори Агентӣ Вализода И.С. чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори тантанаҳои пуршукуҳи миллӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи нахустини неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” самимона табрик намуданд.

Сипас, ходимони намоёни давлатӣ Қозидавлат Қоимдодов ва Рафиқа Мусоева доир ба нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияту манфиатҳои иншооти тақдирсози миллати тоҷик - Неругоҳи “Роғун” суханронӣ намуда, “Роғун” ва Президентро ифтихори миллати тоҷик ҳисобиданд. Ҳамзамон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки Рӯзи Президент иди бузурги миллӣ, рамзи озодию эътиқод, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бешак, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Ташаббус ва бузургтарин иқдоми замони соҳибистиқлолии кишвари мо, албатта, дар баробари сулҳу салоҳ ин сохтмони неругоҳ “Роғун” мебошад. Заҳматҳои зиёд ва роҳбаладии Пешвои миллат барои ба кор даровардани чархи нахустини нуругоҳи  “Роғун” низ аз он дастовардҳоест, ки дар таърихи тоҷикон бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт мегарданд ва инак мо дар арафаи баистифодадиҳии чархи нахустини неругоҳи “Роғун” қарор дорем.

“Роғун” таҷассуми рамзи ормонҳои бузургу орзуҳои наҷиби халқи тоҷик аст!