ХАБАРҲО

2018-11-05: Бахтномаи миллат

Дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, тариќи раъйпурсии умумихалқӣ, бевосита аз ҷониби халқ қабул шуда, азму ирода ва мақсаду мароми сокинони кишварро таҷассум намуд.

Ва инак аз ќабули ин санади сарнавиштсоз 24 сол сипарї мегардад ва љомеаи кишвари мо дар арафаи таљлили он аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз ин рӯ, 24 - умин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба маънои арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста ба мансаб, нажод ва миллаташ, ба риояи бечунучарои меъёрҳои он даъват мекунад.
Бисту чор сол барои таърих т
ӯлонӣ  набошад ҳам, дар ин муддат  Конститутсияи кишвар  аз имтиҳони  ҷиддии ҳаёт гузашт ва чун яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст.

Танҳо бо қабули Конститутсия заминаи ҳуқуқии истиқлолият ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пайдо гардид, амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсию ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузорад, устувор гашт. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд.

Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон кард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар ҳифзи дастовардҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад. 

Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханронињои худ иброз дошта буданд, ки «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем». Ва имрӯз мо дар амал мебинем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан чароғе шуд, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуд.

Моҳияти демократии Конститутсияи кишвар дар моддаи 1-уми он таҷассум ёфтааст. Дар он омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократї, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Дар ин модда муҳимтарин хусусиятҳои ҳуқуқиву давлатӣ, принсипу усулҳои бунёдии давлатдории Тоҷикистон ифода ёфтаанд. Мақсаду мазмуни ин шакли демократияро таълимоти либералии давлативу ҳуқуќї бо дар назар гирифтани таҷрибаи конститутсионии мусоир ва эътирофи арзишҳои умумибашарии ҳокимияти халқ, соҳибихтиёрии давлат, волоияти қонун, бартарияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, гуногунии шаклҳои моликият, озодии гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, парламентӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Маҳз муқаррароти ин моддаи Конститутсия имкон доданд, ки баҳри риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои муассир андешида шуда, давлат ба низому тартибот ва волоияти қонун диққати аввалиндараҷа диҳад.

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон, санади муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Воқеан, Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои бо њам алоќаманд буда, якдигарро комил меcозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ Конститутсия ҳамчун санади олӣ ё қонуни асосӣ истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва муайян менамояд.

Зарурати таърихии Конститутсия аз он иборат мебошад, ки аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти халқамон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар худ дилпурона истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, волоияти қонунро сабт ва мустаҳкам кардааст. Дуюм, ҷумҳуриамонро бо идоракунии президентӣ давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кардааст. Ин бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқамон дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷамъият аст. Тоҷикистониён соҳиби рамзҳои давлатии худ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.

Тавре ки огоњед, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Пешрафти устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон таќозо намуд, ки меъёрњои Конститутсия бори дигар такмил дода шаванд. Аз ин рў, маротибаи сеюм бо роњи раъйпурсии умумихалќї, 22 майи соли 2016, ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон тағйиру иловањо ворид гардиданд.  Тағйиру иловаҳои нави ба Конститутсия воридшуда ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқї, сиёсию иљтимої дар кишвар, ба марҳалаи нави рушд ворид шудани давлат ва љомеа вобаста буда, бо таќозои замон ва талаботи љомеа ба мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї, мустањкам намудани маќоми конститутсионии шаҳрвандї, ҳокимияти қонунгузор, иљроия, судї ва ташаккули маќомоти худидоракунии маҳаллї равона гардидаанд. Ҳамзамон, тағйиру иловаҳо арзишҳои волои Конститутсияро устувор намуда, барои такмили низоми сиёсї шароити мусоиди ҳуќуќї фароҳам меоранд.  Дар маљмуъ ин таѓйирот ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсї, иқтисодї, иљтимої ва фарҳангии љомеа замина мегузоранд. 

Имрўз љомеаи башарї дар ҳолати дигаргунињои куллї қарор дорад ва ин таѓйирот ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии љомеа таъсир мегузоранд. Дар шароити шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза он кишварҳое бештар худро аз таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дошта метавонанд, ки дорои низоми ҳуқуқии пешрафта ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи комил бошанд. Хушбахтона, мо низоми пешрафтаи ҳуқуќї дорем ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои умумибашарӣ таҳия ва қабул гардида, аз ҷониби коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳои баланд гирифтааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин санади олии ҳуқуқиест, ки дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баъд аз Федератсияи Русия, бо роҳи раъйпурсии умумихалқї қабул шуда, ба қатори панљ қонуни асосии беҳтарини љаҳон шомил гардидааст.

Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус баъди қабули Конститутсияи нав, ки имрӯз сарбаландона 24-солагии онро љашн мегирем, мо бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамоем ва ҳамеша кӯшиш дорем, ки барои зиндагии шоистаи мардуми худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созем.

Аз ин рӯ, ҳоло аз ҳар яки мо таќозо  мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад.

Шукрона мекунем, ки имрӯз Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рӯз ба рӯз зебову шукуфо мегардад ва мардум дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ доранд. Набояд фаромӯш сохт, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои амалкунанда мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳар як нафар дар ҷомеа бояд саъю талош намояд, бо рафтору гуфтору пиндори некаш намунаи ибрати дигарон бошад.