ХАБАРҲО

 

Азим Иброњим: “Њар кору амале, ки ба иљро мерасонед, аз тањти дил ва барои миллату Ватан кунед

Азим Иброњим аз фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўроквор изњори нигаронї намуд

         18 декабр дар бинои Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон тањти раисии муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон - Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ Азим Иброњим ва иштироки аъзоёни Шўро аз њисоби вазорату идорањои дахлдор љаласаи нуњуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ доир гардид.

       Дар љаласа сараввал аз љониби Раиси Шўро ба ѓолибони Озмуни “Бехатарии мањсулоти хўрокворї дар корхонањои истењсолии ватанї” дорандаи сертификатњои низоми НАССР ва стандарти ИСО 22000 (ЉСП “Комбинати шири Душанбе” - лауреат, ЉДММ “Баракат Исфара”,  ЉДММ “Файзи Расул”, ЉДММ “Фабрикаи шири Саодат”, ЉСК “Ширин”, ЉДММ “Фабрикаи ќаннодии Амирї”) љоизањо супорида шуда, ба истењсолкунандагон љињати таъмини бозори истеъмолї бо мањсулоти ѓизоии босифату раќобатпазир изњори сипос карда шуд ва сањми истењсолкунандагони ватанї дар пешбурди иќтисодиёти мамлакат муњим арзёбї гардид.

        Ќабл аз баррасии масъалаи рўзнома, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Азим Иброњим аз фаъолияти маќомоти аъзои Шўро, махсусан Хадамоти байторї, Хадамоти санитарию эпидемиологї ва дигар нињодњои марбута  изњори нигаронї намуда,  аз љумла ќайд кард, ки тибќи тањлилњо дар самти њимояи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти ѓизоии ба саломатї хатарнок ва пешгирии истењсоли мањсулоти пастсифат дар љумњурї фаъолияти маќомоти аъзои Шўро ѓайриќаноатбахш аст.

       Њамзамон изњор дошт, ки тайи рўзњои охир тариќи воситањои ахбори омма садњо њолати ошкоркунии мањсулоти воридотї ва истењсоли дохилии пастсифат аз тарафи маќомоти ваколатдор ба намоиш гузошта шуда истодааст. Аз вазъияти љойдошта чунин натиљагирї мешавад, ки њамоњангии маќомоти назоратї коста шудааст. Пас ќабули ќарорњо дар љамъомадњои Шўро ва таъкидњо оид ба таќвият додани њамкорињои байни маќомотњо дар самти њимояи бозори истеъмолї натиљањои дилхоњ надодаанд. Бо назардошти вазъи љойдошта дар љаласаи навбатии Шўро бояд роњу усулњои пешгирии воридоти мањсулоти пастсифати ѓизої, ба хусус мањсулоти гўштию шириро муайян намуда, барои ба роњ мондани фаъолияти босамар ќарор ќабул намоем.

       Њамзамон, дар ин самт Раиси Шўро аъзоёнро ба воќеънигорию масъулиятнокї, баланд бардоштани њисси ватандорию бетафовут набудан ба саломатии ањолии мамлакат, мунтазам ба роњ мондани корњои фањмондадињї ба истењсолкунандагону истеъмолкунандагон даъват намуд.

Сипас, масъулин оид ба таъмини бехатарии мањсулоти ѓизої ва дар ин замина пешгирии воридоти мањсулоти хўроквории пастсифат ва ба саломатї хатарнок, њолатњои сироятёбии ањолї аз истеъмоли мањсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита таќвият додани корњои фањмондадињї ба ањолї тариќи ВАО, боз њам таќвият додани назорати истењсол ва фурўши мањсулоти хўрокворї, дар корхонањои ватанї љорї намудани талаботи низоми идоракунии сифат тибќи талаботи стандартњои байналмилалии силсилаи ИСО ва низоми бехатарии НАССР (таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез), тањия ва таљдиди санадњои меъёрї-њуќуќї, ба роњ мондани корњои фањмондадињї, омўзиш, таъмини корхонањо бо Регламентњои техникї, мустањкам намудани њамкории маќомоти назоратї дар ин соња яке аз омилњои асосии пешгирии воридоти мањсулоти пастсифат ба бозори истеъмолї такмил додани озмоишгоњњои ташхиси мањсулоти хўрокворї ибрози аќида намуданд.

       Аз љумла зикр гардид, ки ба роњ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омўзишӣ бо соҳибкорон, оид ба ҷорӣ намудани низомҳои бехатарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Зеро мусоидат намудан ба бахши хусусӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар гузаштани онҳо ба истеҳсолоти мутобиқ ба стандартҳои НАССР ва Global GAP метавонад кафолати бехатарии мањсулоти ѓизоии истењсолї бошад ва њамзамон барои баланд бардоштани иќтидори содиротии мамлакат замина гузорад.

         Дар ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои пешбинигардида, инчунин, Нақшаи кори Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2018 мавриди муњокимаи аъзоён ќарор дода шуд.

        Дар охир Раиси Шўро таъкид дошт, ки Давлат ва Њукумати мамлакат ба мову Шумо эътимоди комил дошта, умед дорад, ки њар кадоматон барои ободии Ватан, рушди босуботи иқтисодиву иљтимої ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум садоқатмандона фаъолият менамоед. Аз ин лињоз, бо назардошти пешрафти замони муосир мунтазам аз болои худ кор кунед, муњимтар аз њама, имрўз ки бо амри таќдир барои саломатї ва њифзи бозори истеъмолї масъулият доред, воќеъбинона ва бо дарки масъулияти баланд ба љомеа хизмат намоед.

        Итминон дорам, ки ҳар яки шумо минбаъд низ бо њисси баланд ва нангу номуси ватандорї бо кору фаъолият ва амалњои неки созандаи худ барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иќтисодии мамлакат, бењтар намудани сатњу сифати зиндагии мардум ва тањкими истиќлолияти кишвари азизамон сањми арзандаи хешро дареғ намедоред.

 

 

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...