ХАБАРҲО

2018-10-23: Дастоварди њар як корхонаи ватанї ифтихори мост!

Санаи 20 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Боѓи Ирам» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Сараввал маросими намоиш фурўши молу мањсулоти ватанї бо иштироки ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Рањмонзода Абдуљаббор, корманди Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Амирзода Мањмуд, директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќудрат, муовинони директор, роњбарони марказњои вилоятию минтаќавии Агентї ва дигар мењмонони расмї аз соати 10 оѓоз гардида, соњибкорон намунањои мањсулот ва хизматрасонињои худро пешнињод намуданд ва сокинону мењмонон имкони харидории дилхоњ мањсулотро, бо нархњои арзон доштанд. Њамзамон мањсули дастии њунармандї низ ба намоиш гузошта шуд, зеро теъдоди зиёди њунармандони мамлакат дар рафти озмун ширкати фаъолона доштанд.

Ин ќисмати чорабинї, ки дар фазои идона ва бо эњсоси гарми ватандорию шукргузорї аз амонию осудањолї баргузор гардид, хотирмон буд.    

Ќайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур бо маќсади таќвият бахшидан ба рушди соњибкорӣ ва муаррифии молу мањсулоти дар Љумњурии Тољикистон истењсолшаванда ва афзун намудани иќтидори содиротии мамлакат бахшида соли “Рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” Агентии Тољикстандарт бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарини Ҷумњурии Тољикистон» доир гардид. Лозим ба ёдоварист, ки озмуни аз соли 2008 инљониб дар ду сол як маротиба гузаронида шуда истодааст.

Ќисмати дуюми чорабинї, яъне маросими љоизасупорї ба ѓолибон аз соати 17 00 дар толори фароѓатии “Боѓи Ирам” бо тантана оѓоз гардид. Барои супоридани ҷоиза ва мукофотҳои ғолибони озмун намояндагони Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва намояндагони ассосиатсияҳои соҳибкорон даъват шуда буданд.

Маросими љоизасупориро директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќудрат оѓоз намуда, мењмонон ва соњибкоронро хайрамаќдам гуфт.

Сипас, намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Амирзода Мањмуд соњибкоронро аз номи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо ин муваффаќият шодбош гуфта, љињати минбаъд низ бењтар намудани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї ва сањм гузоштан дар рушди иќтисодии мамлакат изњори аќида намуд.

Дар рафти озмуни имсола 484 субъекти хољагидор фаъолона ширкат варзиданд ва теъдоди дархостњо 531 ададро ташкил дод. Аз шумораи умумии корхонаву нуќтањои хизматрасон 88 корхона ба даври финалї роњ ёфт. Бо натиљагирии њайати њакамон 16 корхонаву муассисаи хизматрасон соњиби диплом, 32 корхона сазовори лаурет ва 40 корхона соњиби љоизаи озмун гардид.

 Ин нишондињанда шањодати он аст, ки корхонањои ватанї њамасола сифати мањсулоти худро бењтар намуда истодаанд ва барои раќобатпазирии молу мањсулот кўшиш доранд. 

Лозим ба зикр аст, ки Озмун тибќи Низомнома дар ду давр гузаронида шуда, даври аввали он дар ҳамаи вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид ва то баргузории љамъбасти озмун  иштирокчиёни дигари фаъол аз љониби Агентии Тољикстандарт бо ифтихорномањо сазовор дониста шуда буданд.

Њадаф аз баргузории озмун

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

-дастгирии ташаббусҳои минтақавї ва мутаҳидкунии мақомотҳои давлатї, ташкилотҳои тиљоратї ва ғайритиљоратї, ки фаъолияти онҳо баҳри баланд бардоштани  сифати маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ равона гардидааст;

-кумак барои таъмин намудани бозорҳои Љумҳурии Тољикистон бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ;

-ташкил намудани замина ва ҳамкории васеъ барои ҷорӣ кардани усулҳои замонавии роҳбарӣ ва таъмини сифат дар асоси стандартҳои миллию байналмилалї барои ба даст овардани муваффақиятҳо дар соҳаи сифат;

-таъмини риояи талаботи бехатарии маҳсулот, ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист, сарфакории нерӯи барқ ва захираҳои табиӣ;

-дастгирии истеҳсолкунандагони ватание, ки маҳсулоти рақобатпазир ва хизматрасонии муносиб пешкаш менамоянд.

Дар озмун шахсони ҳуқуқии шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворї, молҳои саноатї, маснуоти ҳунарҳои халқї, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникї (ғайр аз яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ) ва ҳар гуна хизматрасонӣ машғуланд, иштирок намуда метавонанд.

Озмуни имсола аз рӯи номгӯи (номинатсияҳои) зерин гузаронида шуд:

-маҳсулоти хўрокворї;

-маҳсулоти саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ;

-маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ;

-хизматрасонии хӯроки умумӣ;

-хизматрасонии меҳмонхонаҳо, туризм ва саёҳат;

-хизматрасонии таъмири наќлиёт.

Барои бањогузории фаъолияти корхонањои истењсолї ва ташкилотњои хизматрасон   бо љалби мутахассисон (мумайизон) аз њисоби вазорату идорањо Комиссия таъсис дода шудааст. Дар Комиссияи озмун намояндагони Вазорати саноат ва технологияњои нав, Вазорати кишоварзї, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатї, Кумитаи бехатарии озуќаворї, мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо, Палатаи савдо ва саноат, иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна  шомил мебошанд.

Барои муайян намудани ѓолибони озмун фаъолияти корхонањо ё ташкилотњои хизматрасон дар анкетаи бањогузорї аз рўи 30-32 нишондињанда бањогузорї карда мешавад.

Аз ҷониби Комиссияи љумҳуриявии озмун дар асоси хулосаҳои мумайизон ва дигар маводҳои аз тарафи комиссияҳои вилоятї (минтақави)-и озмун пешниҳодшуда, дар давоми ду рӯз баҳогузорї шуда, ҳуҷҷатҳо барои ҷамъбасти ниҳоӣ ба Ҳакамон пешкаш мешавад.

Ҳакамот хулосаҳои Комиссияи љумҳуриявиро баррасї намуда, дар бораи ба финалистон додани унвонҳои лауреат,  дипломант ва љоизаи махсуси озмун қарор қабул намудааст. Инчунин рӯйхати лауреатҳо, дипломантњо ва љоизањои махсуси  озмун аз рўйи ҳар як номгў аз ҷониби Ҳакамон тасдиқ карда шудааст.

Имтиёзњо ба соњибкорон

Ба корхона ва муассисаҳое, ки маҳсулот ва хизматрасониашон лауреати озмун гардидааст, чунин имтиёзњо дода мешавад:                                                        

-бо љоизаҳо ва шањодатномаи озмун сарфароз гардонида мешаванд;

-ҳуқуқи сабти нишони озмун дар маҳсулот ва бандубасти он, инчунин ҳуқуқи истифодаи он дар ҳуҷҷатҳо ва маводҳои рекламавӣ дар давоми ду сол, пас аз гирифтани унвон, дода мешавад;

-барои иштирок дар озмуни сатҳи байнидавлатї, љиҳати дарёфти љоизаи ИДМ пешбарї карда мешавад.

Корхона ва ташкилотњое, ки ба љоизањои махсус пешбарї мегарданд, шаҳодатномаҳои шакли муқаррараргардида бо навиштаљоти «Љоизаи махсус» ва туњфањо сарфароз гардонида мешаванд.

Баъд аз љамъбасти озмун, бо маќсади муаррифии мањсулот ва хизматрасонии бењтарин оид ба фаъолият ва дастовардњои корхонањои ѓолиб дар маҷаллаи «Стандарт ва сифат» ва дигар васоити ахбори омма маълумот нашр мегардад.

Рӯйхати ғолибони озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» (Формат PDF)