ХАБАРҲО

2018-10-16: Њафтаи чорањои ѓайритарифї - 2018: Семинар дар мавзўи “Паст кардани њаљми харољот вобаста бо чорањои ѓайритарифї дар минтаќањои Осиёи Љанубї ва Миёна”

Комиссияи иќтисодї ва иљтимоии Созмони Милали Муттањид дар Осиё ва Уќёнуси Ором (ЭСКАТО) дар якљоягї бо Конферентсияи СММ оид ба савдо ва тараќќиёт (ЮНКТАД), Маркази байналмилалии савдо ва Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) рўзи 11 октябри соли 2018 дар шањри Женеваи Шветсария семинар дар мавзўи “Паст кардани њаљми харољот вобаста бо чорањои ѓайритарифї дар минтаќањои Осиёи Љанубї ва Миёна” гузаронд. Семинар дар доираи Њафтаи чорањои ѓайритарифї, ки аз 9-11 октябри соли 2018 таҳти роҳбарии UNCTAD гузаронида шуд, ташкил гардид.

Њафтаи чорањои ѓайритарифї - 2018 барои сиёсатмадорон, коршиносон ва тадқиқотчиён имконият фароњам овард, ки масъалањои вобаста ба чорањои ѓайритарифї, аз ҷумла стандартҳои устувори ихтиёрӣ (VSS) ва таъсири онњо ба тиҷорати байналмилалӣ ва рушди устувор муњокима карда шавад.

Агентии "Тоҷикстандарт"-ро дар семинари мазкур Муҳайёи Раҳимзода муаррифї карда, иштирокчиёнро бо мавқеи асосии Тоҷикистон нисбат ба чорањои ѓайритарифї шинос намуд.

Барои маълумоти бештар лутфан ба сомонаи зерин пайваст шавед.

http://unctad.org/en/pages/MeetingDetails.aspx?meetingid=1909