ХАБАРҲО

 
Санаи 30 ноябри соли 2017 дар шањри Душанбе  мулоќоти сарони маќомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттињоди Давлатњои Мустаќил (љаласаи 52 –ми Шўрои байнидавлатї оид стандартизатсия, метрология ва сертификатсия) баргузор гардид.
 Дар мулоќоти мазкур роњбарон ва намояндагони маќомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатњои аъзои ИДМ, аз љумла Федератсияи Русия, Украина, Беларус, Озарбойљон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Љумњурии   Тољикистон ширкат доштанд.  
Љаласаро муовини аввали Директори Агентии Тољикстандарт Олимзода М.Н. бо сухани муќаддимавї оғоз намуда,  иштирокчиёнро ба  сарзамини Тољикистон хайрамақдам гуфт ва суханро ба  раисикунандаи  Шўрои байнидавлатї оид стандартизатсия, метрология ва сертификатсия – Директори  Генералии Агентии  стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Љумњурии Узбекистон Каримов А.У. дод. Мавсуф дар суханронии худ ба иштирокчиёни љаласа муваффаќият орзу намуда,  њозиринро ба  мазмуну мундариљаи љаласаи мазкур  шинос намуд.
Баъдан, Котиби масъули Шўрои байнидавлатї оид стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Черняк Владимир Николаевич ба сухан баромада, бевосита ба баррасии масъалањои рўзномаи љаласа шуруъ намуд.
Сараввал якчанд масъалањои умумї, аз љумла рафти татбиќи ќарорњои Шурои байнидавлатї, натиљаи љаласањои Комиссияњои илмї-техникї ва гурўњњои корї, конфронсњо, кори Бюро оид ба стандартизатсия, такмили њамкорињо байни Шўрои байнидавлатї оид стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва Ташкилоти байналмилалї оид ба стандартизатсия – ИСО, инчунин дигар масъалањои соња мавриди баррасии иштирокчиён ќарор гирифтанд.
Сипас, баррасии масъалањо оид ба соњањои бамеъёрдарории техникї, стандартонї, метрология ва аккредитатсия   оѓоз гардиданд, ки дар он намояндагони маќомоти стандартизатсияи  давлатњои аъзои ИДМ, аз љумла Федератсияи Русия - Абрамов А.В., Потемкин Б. М., Шалаев А.П., Лазароенко Е.Р., Станишевская В.С., Љумњурии Украина - Ерёменко В.К., Горицкий В.М., Красюк В.В., Љумњурии Беларус – Татарицкий В.Б., Гришкевич О. А., Скуратов А.Г., Љумњурии Озарбойљон – Тагиев Н. Ф., Љумњурии Қазоқистон – Карибљонов Њ. С.,  Љумњурии Қирғизистон – Аданбаев Б.А., Чапаев Љ.Љ. Љумњурии Узбекистон – Каримов А.У., Муњиддинов А.А. Алаев Б.Ќ., ва аз љумњурии мо – Олимзода М.Н., Шерзода С. Љ., Рањимзода Љ.Р., Абдувалиева А.А., Ашурзода С., Љумазода Б.  иштирок намуданд.
  Масъалањои мавриди баррасї ќарор додашудаи соњањои бамеъёрдарории техникї, стандартонї, метрология ва аккредитатсия  аз инњо иборат буданд:
1. Бамеъёрдарории техникї:
-дар бораи рафти мувофиќагардонии Созишнома оид ба монеањои техникї дар савдои тарафайни давлатњои аъзои ИДМ.
2. Стандартизатсия:
- дар бораи рафти мувофиќагардонии Созишнома оид ба пањн намудани њуљљатњо доир ба стандартизатсияи байнидавлатї;
- дар бораи ќабули ќарорњои стратегї оид ба масъалањои пањн намудани њуљљатњо доир ба стандартизатсияи байнидавлатї;
- дар бораи актуаликунонии Барномаи корњо оид ба стандартизатсияи байнидавлатї барои солњои 2016-2018;
- дар бораи ќабули њуљљатњои меъёрии байнидавлатї ва таѓйирот ба онњо, баќайдгирї, нашр ва бекор намудан;
- дар бораи пешнињодот оид ба такмил додани стандартњои асосї доир ба стандартизатсияи байнидавлатї;
- дар бораи кумитањои техникии байнидавлатї оид ба стандартизатсия, ки дар рафти љаласа муњокима гардида, њалли худро пайдо намуданд.
Дар соњаи метрология масъалањои муњим мавриди бањс ќарор гирифтанд, ки онњо аз тарафи роњбарон ва мутахассисони соњаи метрология њалли худро пайдо намуданд, аз љумла:
- оид ба рафти баррасии лоињаи “Созишномаи байнидавлатї  оид ба њамкорї љињати таъсис ва истифодаи стандартњои намунавии таркиб ва хусусиятњои  модда ва маводњо”;
 - баррасии лоињаи ПМГ 06-20хх “Тартиби эътирофи натиљаи санљиш ва тасдиќи навъ, санљиши ибтидої аттестатсияи метрологии воситањои ченак”;
-  ќабули стандартњои намунавии пешнињоднамудаи љумњурињои Русия, Ќазоќистон ва Украина оид ба сифати стандартњои намунавии байнидавлатї ва фаъол намудани фењристи стандартњои намунавии байнидавлатї;
- дар бораи рафти татбиќи барнома ва наќшањои ќабулнамудаи Шўро дар соњаи таъмини ченаки ягона;
- дар бораи  таъсису љорї намудани манбаи иттилоотии мањакњои миллии давлатњои узви Шўро;
- дар бораи аз тарафи маќомоти салоњиятдори мамлакатњои аъзои ИДМ  истифода гардидани талаботи ILAC  P 10 оид ба таъмини назорати натиљањои ченкунї барои  дастгирии низомњои миллии аккредитатсияи мамлакатњои аъзои ИДМ.
Дар соњаи аккредитатсия  масъалањои зерин мавриди баррасї ќарор дода шуданд:
- лоињаи Созишнома оид ба  эътирофи байнињамдигарии маќомот оид ба бањодињии мутобиќат;
- дар бораи таъсиси гурўњи корї оид ба масъалањои омўзиш дар Шўрои байнидавлатї;
- дар бораи рафти татбиќи Барномаи Гурўњи кории Шўрои байнидавлатї оид ба масъалаи таъсиси “Ташкилоти минтаќавї (ассотсиатсия) оид ба аккредитатсия барои солњои 2016-2017”.
Масъалањои мазкур, ба истиснои  ќабули лоињаи  ПМГ 06-20хх “Тартиби эътирофи натиљаи санљиш ва тасдиќи навъ, санљиши ибтидої аттестатсияи метрологии воситањои ченак” ва таъсиси Ташкилоти минтаќавї (ассотсиатсия) оид ба аккредитатсия барои солњои 2016-2017 аз тарафи иштирокчиёни  љаласа мусбї  арзёбї  гардида, нисбати њар яки онњо ќарорњои дахлдор ќабул карда шуд.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...