ХАБАРҲО

2018-10-15: Стандартикунонии мањсулоти озуќа, брендинги мањсулот ва тарѓиби имиљ барои вусъат ёфтани сармоягузорињо ба соња

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон њамчун маќоми марказии њокимияти давлатї, ки сиёсати давлатро дар соњаи бамеъёрдарории техникї, стандартизатсия, бањодињии мутобиќат ва метрология амалї  месозад, ба воситаи  соњањои мазкур наќши худро  дар амалї гардидани њадафњои стратегии мамлакат гузошта истодааст.

Бояд ќайд кард, ки љараёни таҳаввулоти иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳамчунин аҳамияти раванди ҷаҳонишавї бешубҳа зарурияти ҳамоҳангсозии  низоми батанзимдарориро ба миён оварда, боиси сохтори ҷавобгӯ барои пешрафти истеҳсолот ва савдо дар бозори ҷаҳонї  мегардад. Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи давлатњои  риоякунандаи қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар савдои ҷаҳонӣ водор месозад, ки низоми Инфрасохтори миллии сифатии   худро, ки яке аз такягоҳҳои муносибатҳои савдо мебошад, мутобиќ ба талаботи байналмилалї гардонад. Ба вуҷуд овардани муҳити муътадил љихати љалби сармоя ва барои фароҳам овардани заминаҳо барои ноил шудан ба бартарияти сифати мол, бешубҳа ба пешрафт ва маданияти пешқадам ба ин раванд алоќаманд  мебошад.

Дар ин робита њанўз чанд сол ќабл Агентии Тољикстандарт бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон Стратегияи рушди Инфрасохтори миллии сифатро  бо маќсади беҳбудї бахшидан ба  фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорї, амалї намудани ислоњот дар соњаи танзими техникї тањия ва ќабул намуд. Марњилаи аввали ин Стратегия тањия ва ќабули санадњои меъёрї –њуќуќии соњаи танзими техникиро пешбинї  намуда буд, ки дар муњлати муќарраргардида ба анљом расонида шуд. Дар ин давра бо маќсади бартараф намудани монеањо дар савдо  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї», «Дар бораи стандартонӣ» бо тањрири нав, ќонунњои Љумњурии Точикистон «Дар бораи  бањодињии мутобиќат», «Дар бораи  бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиќ ба талаботњои байналмилалї тањия ва ќабул карда шуданд. Айни њол, тибќи талаботи ин санадњои мазкур барои соњибкорони воридкунандаи молу мањсулот ба ќаламрави љумњурї монеае дида намешавад. Дар асоси талаботи ќонунгузории соња расмиёти ќабули стандартњо, регламентњои техникї ва бањодињии мутобиќат дар љумњурї ба созишномаи монеањои техникї дар савдои Созмони умумиљањонии савдо мутобиќ карда шуд. Ќабули санадњои меъёрии-њуќуќии мазкур барои шомил гардидани Љумњурии Тољикистон  ба узвияти Созмони Умумиљањонии Савдо низ мусоидат намуд. 

Бо маќсади ворид гардидан ба Созмони Умумиљањонии Савдо (СУС) дар назди Агентии Тољикстандарт доир ба масъалањои созишнома  оид ба бартараф намудани монеањои техникї дар савдо, дар Агентии Тољикстандарт маркази иттилоотї таъсис дода шуда, бо максади фаъол намудани кори он шахсони масъул таъин карда шудаанд. Њамзамон, аз тарафи вазорату идорањои дахлдор бо маќсади њамкорї намудан бо маркази мазкур шахсони мутассадї таъин карда шудааст. 

Бояд ќайд кард, ки дар раванди шарикии давлат ва бахши хусусї  дар ин  самт иштироки бевоситаи Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон оид ба   масъалањои стандартикунонии мањсулоти озуќа бо воситаи  ќонуни  амалкунандаи Љумњурии Тољикистон “Дар бораи стандартонї” ба амал бароварда мешавад. Тибќи талаботи ќонуни мазкур бори аввал дар Љумњурии Тољикистон аз тарафи Агентии Тољикстандарт  бо маќсади љалб намудани соњибкорон дар тањияи њуљчатњои меъёрї-техникї дар ќатори дигар кумитањо, кумитањои техникї дар соњаи мањсулоти хўрока  бо маќсади тањияи стандартњо дар ин соњањо ва њамоњангсозии онњо ба талаботи стандартњои байналмилалї  таъсис дода шуда, низомномањои  кумита  тасдиќ  гардиданд. Кумитаи мазкур љињати љалби бахши хусусї дар тањияи стандартњо барои  истењсолкунандагони ватанї кўмак мерасонад.

Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти миллии соњаи стандартонии Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, дар ташкилотњои байналмилалии соњаи стандартикунонї Тољикистонро муарифї менамояд. Имрўз маќомоти миллии стандартонии мамлакат аъзои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатњои аъзои Иттињоди давлатњои мустаќил, аъзо-кореспонденти ташкилоти байналмилалї оид ба стандартњо ИСО ва дигар ташкилотњо мебошад, ки бе мамоният аз стандартњои байнидавлатї ва байналмилалї истифода мебарад. Њамзамон, Тољикстандарт дар Љумњурии Тољикистон маќомоти пешбаранда ва нигоњдорандаи  фонди давлатии њуљчатњои меъёрї-техникї мебошад, ки айни њол дар фонди мазкур зиёда аз 24 њазор стандартњои байнидавлатї, стандартњои давлатї ва байналмилалї нигоњ дошта мешаванд. Стандартњои миллии фонди мазкур мунтазам ба стандартњои байналмилалї њамоњанг карда мешаванд.

Њамзамон бо назардошти талаботи замони муосир ва дастгирии соњибкорї дар Агентї низоми «Фењристсозї» ва «Фурўши электронии стандартњои е-sale» тавассути барномаи байналмилалии «Соддагардонии  раванди  тиљорат дар Осиёи Марказї» ба роњ монда мешавад ва њар як соњибкор имкон дорад аз ин системаи электронї самаранок истифода бурда, тиљорати худро љавобгу ба стандартњои миллии кишварњои Осиёи Марказї ба роњ монад. Истифода аз ин система ба соњибкорон имконоти васеъро барои сарфакорї, раќобатпазирии молу мањсулот дар миёни кишварњои Осиёи Марказї, таъмини шафофият њангоми гузаштан аз нуќтањои гумрукї, ки бо технологияи замонавии санљишї муљањњазанд, пешгирии њолатњои коррупсионї њангоми интиќоли бор ва баланд бардоштани таљрибаи тиљоратии онњо фароњам меорад.

Давоми чанд сол аст, ки Агентии Тољикстандарт бо Комиссияи аврупогии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид (UNECE) љињати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ њамкорї дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи њамкорињои Агентї бо Комиссияи аврупогии иќтисодии СММ ва ќабули стандартњо оид ба мевањои тару тоза, њамчунин бо дархости ЉДММ «Баракат Исфара» аз тарафи Агентии Тољикстандарт стандартњои КАИ СММ «Себи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) њамчун стандарти миллї тањия карда шуданд ва пас аз баррасї дар љаласањои гурўњи корї оид ба стандартњои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатњои аъзо ќабул гардиданд. Ин тадбирњо имкон фароњам меоранд, ки мањсулоти кишоварзии ватанї бе монеа ба мамлакатњои хориљи дур содирот шаванд.

Ќобили зикр аст, ки бо маќсади дастгирии соҳибкорон ва таќвияти рушди содирот, инчунин барои тањияи стандартњои мањсулоти кишоварзї ва бе монеа роњ ёфтан ба бозори љањонї бо ташаббуси Агентии Тољикстандарт, дар ҳамкорї бо ташкилоти байналмилалии «Hilfswerk Austria», «GIZ» ва «UNDP» дар Љумњурии Тољикистон барои содироти мањсулоти ватанї ба хориљи кишвар, гурўњи кории техникї ташкил карда шуда, аз тарафи гурўњ рисолаҳои тавзењї аз руи стандартњои байналмилалии Комиссияи аврупогии иќтисодии СММ FFV-25 барои содирот ва назорати сифати мањсулоти пиёзи барваќтї ва стандарти Комиссияи аврупогии иќтисодии СММ FFV-63 барои содирот ва назорати сифати мањсулоти хурмо тањия шудаанд. Айни замон аз љониби гурўњи корї корњо дар ин самт идома доранд.

Илова бар ин мо тасмим гирифтаем, ки барои дар оянда содирот намудани асали табии Љумњурии Тољикистон ба кишварњои Аврупо њуљљатњои заруриро тањия намоем. Пеш аз он ки содироти ин мањсулот ба  Аврупо амали гардад бояд  бо назардошти талаботи муќарранамудаи онњо њуљчати меъёрї тањия карда шавад. Таљриба нишон дод, ки дар тањия ва ќабули ин њуљљатњо проблемањои њалталаб зиёданд. Аз он љумла, яке аз проблемањои мављуда дар ин самт бо назардошти мањдуд будани имконоти молиявї доир ба омўхтани ќонунгузории давлатњои Аврупо ва њамоњанг намудани њуљљатгузорї тибќи талаботи ин давлатњо, бо маќсади шомил шудани љумњурї ба руйхати содиркунандагони асал ба Аврупо ва сариваќт иштирок наварзидани намояндагони љумњурї дар баррасии стандартњо мебошад.

Бинобар ин  имрўз зарурат ба миён омадааст, ки љалби сармоягузорї дар бахши тањия стандартњои миллї дар соњаи кишоварзї, иштироки тањиягарони сатандартњо дар љаласањои Комиссияи аврупогии иќтисодии СММ ва дар ин замина мусоидат  ба содироти меваи хушк ва асали табии амали карда шавад то ки монеањо аз роњи   содиркунандагони ватанї бартараф карда шаванд .

Љињати  дастгирии рушди соњибкорї ва дар ин замина бартараф намудани монеањои маъмурию техникї дар фаъолияти соњибкорї то ба ин давра якчанд маротиба номгўи молу мањсулоти њатман сертификатсияшаванда кам карда шуд. Дар солњои 2008,  2010 ва 2012 номгўи мазкур кам карда шуда, он ба талаботи байналмилалї мутобиќ гардонида шуд. Айни њол, тибќи ин номгўй молу мањсулоти њатман сертификатсияшаванда, 4341 адад молу мањсулот аз сертификатсияи њатмї озод карда шуда, молу мањсулоти ба сертификатсияи њатмї тааллуќ дошта асосан аз мањсулоти хўрокворї, доруворї, масолењи сохтмонї иборат мебошанд.

Ќобили зикр аст, ки дар ин давра талаботи ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани сертификати мутобиқат аз 7 номгӯй ба 3 номгӯй кам карда шуда, тартиби баррасии ҳуҷҷатҳои содиротию воридотӣ соддаю шаффоф карда шуда, ба ҳамаи зерсохторҳои Агентии Тољикстандарт фиристода шудаст.  Дар самти бартараф намудани монеањои маъмурї, амалиётњои  маъмурї, ки бо барасмиятдарории гумрукии молњои њатман сертификатсияшавандаи ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшаванда алоќаманданд,   дар доираи   Фармоиши якљояи Сардори Хадамоти гумруки Љумњурии Тољикистон “Тартиби ба њудуди гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид намудани мањсулоти њатман сертификатсияшаванда”, ки дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайди давлатї гирифта шудааст, њамкорињо ба роњ монда шудаанд.

Дар робита ба воридшавии љумњурї ба Созмони умумиљањонии савдо ва бартараф гардидани монеањо ба воридоти молу мањсулот ба бозори истеъмолї Агентии Тољикстандарт бо корхонањое, ки ба истењсолот сару кор доранд ва асосан мањсулоти худро ба хориљ содирот менамоянд, њамкорињоро таќвият додааст ва барои таъмин намудани онњо бо стандартњои байналмилалї, ки омили асосї барои содироти мањсулот ба њисоб мераванд, тадбирњо меандешад. Бо маќсади  љорї намудани стандартњои байналмилалї дар фаъолияти корхонањои истењсолї корњои фањмондадињї амалї карда мешавад. Дар ин замина  љињати баланд бардоштани сифат ва бехатарии мањсулоти истењсолї   дар соли 2018,  дар 25  корхонањои истењсоли ватанї корњои сертификатсионї  ба сомон расонида шуд.  То ба ин давра дар маљмўъ 222 корхона корхонањои истењсоли ватанї корњои сертификатсионї  ба сомон расонида шуд.

Таљриба нишон дод, ки барои баланд бардоштани сифати молу мањсулоти ватанї зиёд гаштани номгўи молу мањсулоти воридивазкунанда ворид намудани технологияи муосири каммасраф ва љорї намудани низомњои нави назорати сифати мањсулот аз рўи меъёрњои байналмилалї   мушкилоти маблаѓгузорї, омодагии техникї ва норасоии мутахассисони касбї дар корхонањои истењсолї ба назар мерасад. Бо назардошти ин њолат андешидани чорањо  љињати  љалби  грантњои байналмилалї ва дигар ташкилотњои донорї барои дастгирии корхонањои ватанї   бо маќсади љорї намудани низоми назорати сифат ва бехатарии мањсулот аз рўи стандартњои байналмилалї зарур мебошад.

Дар робита ба  воридшавии љумњурї ба Созмони умумиљањонии савдо ва бартараф гардидани монеањо ба воридоти молу мањсулот ба бозори истеъмолї, Агентии Тољикстандарт бо корхонањое, ки ба истењсолот сару кор доранд ва асосан мањсулоти худро ба хориљ содирот менамоянд, њамкорињоро таќвият додааст ва барои таъмин намудани онњо бо стандартњои байналмилалї, ки омили асосї барои содироти мањсулот ба њисоб мераванд, тадбирњо меандешад. Бо маќсади тањкими иќтидори содиротии мамлакат фењристи корхонањои ватание, ки  ба содироти мањсулот машѓуланд тартиб дода шуданд. Њамзамон, корхонањои мазкур бо њуљљатњои меъёрии техникї таъмин  гардида ва барои љорї намудани стандартњои байналмилалї дар ин корхонањо дар доираи барномаи ќабулгардида корњои мушаххас ба сомон расонида шуда истодаанд.    

Дар навбати худ,  Агентии Тоҷикстандарт омода аст дар раванди љорї намудани стандартњои байналмилалї дар корхонањои кишоварзї сањми худро гузорад. Бо ин маќсад дар сохтори Тољикстандарт шуъбаи рушди менеҷменти сифат таъсис дода шудааст, ки бевосита ба ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ИСО ҳамкории зич дошта, дар корхонаҳои ватанї низоми менеҷменти сифатро аз рӯи талаботи стандартҳои  байналмилалии ИСО  љорї менамояд.