ХАБАРҲО

2018-10-15: Дастгирии соњибкорї ва мусоидат ба рушди соњибкорї аз љониби Агентии Тољикстандарт

Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки аз баракати Истиќлолияти давлатї ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон кишвари соњибихтиёри мо дар пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва њоло ба сўи марњилаи тозаи инкишофи хеш, тањкиму таќвияти аркони давлатдории мустаќили худ ва торафт бењтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо ќадамњои устувор пеш меравад.  

Дар ин раванд тўли солҳои охир Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рушди ҳамаљонибаи иқтисоди миллӣ, аз љумла  тањким бахшидан ба рушди соњибкорї  таваљљуҳи хоса зоҳир намуда, барои Тоҷикистонро ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додан кўшиш ба харљ дода истодааст. Сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли мањсулоти ватанӣ ва бо  ин маќсад ташкил кардани ҷойҳои нави кори яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Чунончи, Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон иброз доштанд: «Таъмини рушду пешрафти  фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорї, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Барои амалї гардонидани ин ҳадаф Њукумат дар назди худ маќсад гузоштааст, ки рушди соҳаи саноат ва коркарди мањсулотро  њамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат қарор дода, дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои нав ва барќарорсозии коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда суръати тоза бахшад.

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон њамчун  маќомоти марказии њокимияти давлатї, ки сиёсати давлатро дар соњаи бамеъёрдарории техникї, стандартизатсия, бањодињии мутобиќат ва метрология амалї  месозад, ба воситаи  соњањои мазкур наќши худро  дар амали гардидани ин њадафњои Давлату Њукумат гузошта истодаст.

Бояд ќайд кард, ки љараёни таҳаввулоти иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳамчунин аҳамияти раванди ҷаҳонишавӣ бешубҳа зарурияти ҳамоҳангсозии  низоми батанзимдарориро ба миён оварда, боиси сохтори ҷавобгӯ барои пешрафти истеҳсолот ва савдо дар бозори ҷаҳони  мегардад.  Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи давлатњои  риоякунандаи қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар савдои ҷаҳонӣ водор месозад, ки  низоми  Инфрасохтори миллии сифатии   худро, ки яке аз такягоҳҳои муносибатҳои савдо мебошад,  мутобиќ ба талаботи байналмилалї гардонад.   Ба вуҷуд овардани муҳити муътадил љихати љалби сармоя  ва  барои фароҳам овардани заминаҳо барои ноил шудан ба бартарияти сифати мол, бешубҳа ба пешрафт ва маданияти пешқадам  аз ин раванд алоќаманд  мебошад.

Дар ин робита њанўз соли 2010 Агентии Тољикстандарт   бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон Стратегияи рушди Инфрасохтори миллии сифатро  бо маќсади беҳбудї бахшидан ба  фазои соҳибкорӣ ва амали намудани ислоњот дар соњаи танзими техникї тањия ва ќабул намуд. Марњиллаи аввали ин Стратегия тањия ва ќабули санадњои меъёрии –њуќуќии соњаи танзими техникиро пешбинї  намуда буд, ки дар мўњлати муќарраргардида ба анљом расонида шуд. Дар ин давра бо   маќсади бартараф намудани монеањо дар савдо  қонунҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї», «Дар бораи стандартонӣ» бо тањрири нав, «Дар бораи  бањодињии мутобиќат», «Дар бораи  бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиќ ба талаботњои байналмилалї тањия ва ќабул карда шуданд.  Айни њол, тибќи талаботи ин санадњои мазкур барои соњибкорони воридоткунандаи молу мањсулот ба ќаламрави љумњурї монеае дида намешавад. Ќабули санадњои меъёрии-њуќуќии мазкур барои шомил гардидани Љумњурии Тољикистон  ба узвияти Созмони Умумиљањонии Савдо низ мусоидат намуд.  Дар ин робита тайи солњои охир дар баробари такмил додани ќонунгузорињо ва санадњои меъёрї-њуќуќї инчунин як ќатор барномањои давлатї низ ќабул карда шудаанд.   

Ќобили зикр аст, ки  яке аз самтњои афзалиятноки рушд ва пешбурди иќтисодиёти миллии мамлакат - ин баланд бардоштани иќтидори содиротї аз њисоби истењсоли молу мањсулоти босифати ба талаботи бозори љањонї љавобгўй ва њамзамон аз љињати экологї тоза, раќобатнок ва  бехатар  мебошад. Дар  самти  баланд бардоштани сифати мањсулот ва раќобатпазир гардонидани он ва дар ин замина ба вуљуд овардани имконоти содиротии молу мањсулот,  амали намудани чорабинињо оид ба љорї намудани  низоми идоракунї дар самтњои мухталифи фаъолияти корхонањо аз он љумла – сифат, муњити зист, муњофизати мењнат, масъулияти иљтимої зарур мебошад Њалли ин масъалањо, пеш аз њама тариќи ба роњ мондани  низоми идоракунии сифат дар асоси стандартњои байналмилалии силсилаи ИСО  9000 дар истењсолот имконпазир мебошад. Њамзамон, баланд бардоштани раќобатпазирии мањсулоти озуќаворї дар корхонањои истењсоли мањсулоти хўрокворї  аз талаботи Низоми тањлили таваккалњо ва назорати нуќтањои тањдидомез (НАССР), њамчунин љорї намудани низоми  идоракунии  амнияти мањсулоти хўрокворї мутобиќ ба талаботи ИСО 22000  вобастагии калон дорад.

Љорї намудани низоми  идоракунии  сифат аз рўи ин стандартњо ба бењтар шудани сифати мањсулот, кору хизматрасонї, раќобатпазирии онњо дар бозори дохила ва  хориљи кишвар мусоидат намуда, заминаи эътирофи фаъолияти корхонањо дар сатњи байналмилалї мегардад.

Бояд ќайд кард ки мањсулоти дорандаи нишони стандартњои байналмилалї берун аз ќаламрави љумњурї таваљуњи истеъмолкунандаро ба худ љалб менамояд ва ин боис мегардад, ки мањсулоти содиркардашуда дар бозори хориљи мавќеъи худро меёбад ва ба раќобат тобовар мебошад.

Бо маќсади љорї намудани низоми назорати сифати мањсулот дар корхонањои истењсолї тибќи  стандартњои байналмилалї бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикстон, Агентии Тољикстандарт  Барномаи давлатии сифат барои солњои 2013 -2015 -ро тањия намуд, ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №512 аз  2 -уми октябри соли 2012 тасдиќ гардид. Дар доираи татбиќи Барнома  бо маќсади љорї намудани низоми назорати сифати мањсулот дар корхонањои истењсолї тибќи  стандартњои байналмилалї љињати афзун намудани имконоти содиротии мамлакат тайи чанд соли охир дар 225  корхонаи истењсолї низоми мазкур љорї шудааст.   Гарчанде, мўњлати татбиќи барнома ба итмом расида бошад, њам  бо маќсади фароњам овардани шароит љињати  истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї, дар оянда фаровон намудани бозори истеъмолї бо молњои босифат, бехатар ва аз љињати энергетикї самаранок  љорї намудани ин низомњо  аз тарафи Агентї  идома дорад.

Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти ваколатдор корњои омўзишї, фањмондадињї ва сертификатсионии  низоми идоракунии  сифатро тибќи талаботи стандартњои байналмилалии зерин:  ISO 9001:2008  Системаи менељменти сифат, ISO 14001:2004 Системаи менељменти экологї, OHSAS 18001:2007 Системаи менељменти махсуси бехатарї ва саломатї, ХАССП Системаи тањлили хатарњо ва идоракунии нуќтањои тањдидомез, ISO 22000:2005 Системаи менељменти бехатарии мањсулоти хўрокворї дар корхонањои ватанї ба роњ мондааст. Дар давоми соли љорї дар 25 корхонаи истењсолї низоми назорати сифати мањсулот дар корхонањои истењсолї тибќи  стандартњои байналмилалї љорї карда шудаанд. Њамзамон, дар доираи корњои фањмондадињї ва омўзиши стандартњои байналмилалї (силсилаи ИСО 9000) ва ањамияти љорї намудани онњо дар истењсолот бо иштироки экспертњои байналмилалї семинар машваратњо гузаронида шуд, ки дар кори онњо намояндагони зиёда аз 45 корхонањои ватанї љалб карда шуда, соњиби сертификати байналмилалї гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар натиљаи амали гаштаи ин низомњо айни њол номгӯи истењсоли мањсулоти саноатї   рў ба афзоиш дорад ва ин маънои онро дорад, ки содироти дањњо номгўй мањсулоти ашёи хом ба хориљи кишвар кам гардида, он дар дохили кишвар коркард ва истењсол мегардад. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истењсоли  ватанї дар бозорҳои дохиливу љањонї рақобатпазир гардида, иќтидори содиротии мамлакат ќавитару васеътар гардад. Тибќи огоњиномаи тарафи Россия ва Ќазоќистон ба содиркунандагони меваи хушки љумњурї бе љорї намудани низомњои бехатарии мањсулот дар корхонањои истењсолї воридоти мањсулоти онњо ба бозори ин давлатњо манъ  карда мешавад. Мањз дар доираи татбиќи Барномаи дар боло зикр гардида љорї гардидани ин низомњо дар корхонањои истењсоли  мањсулоти истењсол кардаи онњоро аз ин мушкилї рањонид.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки љорї намудани низоми идоракунии сифат ва дар борљомаи мањсулоти ватанї ишора шудани стандарти байналмилалї ба раќобатпазирии мањсулот мусоидат намуда, њамзамон таваљљуњи истеъмолкунандаро њамчун мањсулоти дорои кафолати бехатарї ба худ љалб менамояд ва њангоми содироти мањсулоти ватанї ба хориљи кишвар монеањоро бартараф мекунад.

Тадбиќи Барнома дар таљриба нишон дод, ки барои баланд бардоштани сифати молу мањсулоти ватанї зиёд гаштани номгўи молу мањсулоти воридивазкунанда ворид намудани технологияи муосири каммасраф ва љори намудани низомњои нави назорати сифати мањсулот аз руї меъёрњои байналмиллалї   мушкилоти маблаѓгузорї, омодагии техникї ва норасоии мутахассисони касби дар корхонањои истењсолї ба назар мерасад. Бо назардошти ин андешидани чорањо аз тарафи вазорату идорањои дахлдор љињати  љалби  грантњои байналмилалї ва дигар ташкилотњои донорї барои дастгирии корхонањои ватанї   бо маќсади љорї намудани низоми назорати сифат ва бехатарии мањсулот аз рўи стандартњои байналмилалї зарур мебошад.

Дар робита ба  воридшавии љумњурї ба СУС ва бартараф гардидани монеањо ба воридоти молу мањсулот ба бозори истеъмолї Агентии Тољикстандарт бо корхонањое, ки ба истењсолот сару кор доранд ва асосан мањсулоти худро ба хориљ содирот менамоянд, њамкорињоро таќвият додааст ва барои таъмин намудани онњо бо стандартњои байналмилалї, ки омили асосї барои содироти мањсулот ба њисоб мераванд, тадбирњо меандешад.    Бо маќсади тањкими иќтидори содиротии мамлакат фењристи   корхонањои ватание, ки  ба содироти  мањсулот машѓуланд тартиб дода шуданд. Њамзамон, корхонањои мазкур бо њуљљатњои меъёрии техникї таъмин  гардида ва барои љорї намудани стандартњои байналмилалї дар ин корхонањо дар доираи барномаи ќабулгардида чорањои амалї  андешида  истодааст.    

Ќайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон “Барномаи тањияи регламентњои техникї барои солњои 2013-2014” ва “Барномаи тањияи регламентњои техникї барои солњои 2015-2016, ки барои воридот, истењсол ва содироти молу мањсулот мусоидат менамоянд, ќабул гардид, ки дар робита бо татбиќи Барномањо айни замон 16 Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст. Талаботи Регламентњои техникии номбурда корхонаҳои мазкурро вазифадор месозад,  ки бо истифода аз технологияҳои муосири истеҳсолї маҳсулоти љавобгўи  меъёрҳои байналмилалї ва дар бозори љаҳонї рақобатпазир истеҳсол намоянд.

Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти миллии соњаи стандартонии Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, дар ташкилотњои байналмилалии соњаи стандартикунонї Тољикистонро муарифї менамояд. Имрўз маќомоти миллии стандартонии мамлакат аъзои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатњои аъзои Иттињоди давлатњои мустаќил, аъзо-кореспонденти ташкилоти байналмилалї оид ба стандартњо ИСО ва дигар ташкилотњо мебошад, ки бе мамоният аз стандартњои байнидавлатї ва байналмилалї истифода мебарад. Њамзамон, Тољикстандарт дар Љумњурии Тољикистон маќомоти пешбаранда ва нигоњдорандаи  фонди давлатии њуљчатњои меъёрї-техникї мебошад, ки айни њол дар фонди мазкур зиёда аз 24 њазор стандартњои байнидавлатї, стандартњои давлатї ва байналмилалї нигоњ дошта мешаванд. Аз миќдори умумии стандартњои дар фонд мављудбуда, 3165 адад стандарњоро стандартњои соњаи кишоварзї ва хурокворї ташкил медињад ва боз 46 стандарти соњаи мазкур ќабул карда шудаанд. Стандартњои миллии фонди мазкур мунтазам ба стандартњои байналмилалї њамоњанг карда мешаванд.

Давоми чанд сол аст, ки Агентии Тољикстандарт бо Комиссияи аврупогии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид (UNECE) љињати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ њамкорї дорад.

Дар асоси Ёддошти тафоњум байни Агентии Тољикстандарт ва ин Комиссия оид ба мавзўи мазкур чанд сол ќабл дар вилояти Суѓд семинари байналмилалї бо иштироки коршиносони аврупогї, намояндагони мақомотҳои миллии стандартикунонии давлатњо-аъзоёни ИДМ ва истењсолкунандагону содироткунандагони ватанї барпо гардид. Баъдан, бањри амалї намудани тавсияњои семинари байналмилалї аз љониби коршиносони Тољикстандарт ду лоињаи стандарти UNECE оид ба мевањои тару тоза (хурмо ва бињї) тањия карда шуданд ва пас аз баррасї дар љаласањои гурўњи корї оид ба стандартњои кишоварзии сифат   ва дастгирии давлатњои аъзо ќабул гардиданд. Яке аз пањлуњои кори  ин ташкилот оид ба тањия ва истифодабарии стандартњо, тартиб додани брошюра њамчун замима ба стандарт ва дастурамал барои нозироне, ки мањсулоти кишоварзиро барои содироту воридот ва савдои дохилї месанљанд, ба њисоб меравад.  Дар тањияи лоињаи брошюраи стандарти хурмо коршиносони Тољикстандарт низ сањм гузоштанд.

Дар доираи њамкорињо бо дархости Ассотсиятсияи содироткунандагони меваи хушк  аз тарафи Агентии Тољикстандарт стандартњои КАИ СММ “Себи хушк (стандарт ЕЭК  ООН  DDP-16), “Олуи хушк” (стандарт ЕЭК  ООН  DDP-07) КАИ СММ ва “Зардолуи хушк” (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) њамчун стандарти миллї ќабул карда шуданд ва ин амал ба корхона ва дигар содироткунандагони ин навъњои меваи хушк имконият медињад, ки мањсулоти худро бе монеа ба бозорњои Аврупо ворид намоянд.

Илова бар ин мо тасмим гирифтаем, ки барои дар оянда содирот намудани асали табии Љумњурии Тољикистон ба кишварњои Аврупо њуљљатњои заруриро тањия намоем. Пеш аз он ки содироти ин мањсулот ба  Аврупо амали гардад бояд  бо назардошти талаботи муќарранамудаи онњо њуљчати меъёрї тањия карда шавад. Таљриба нишон дод, ки дар тањия ва ќабули ин њуљљатњо проблемањои њалталаб зиёданд. Аз он љумла, яке аз проблемањои мављуда дар ин самт бо назардошти мањдуд будани имконоти молиявї доир ба омўхтани ќонунгузории давлатњои Аврупо ва њамоњанг намудани њуљљатгузорї тибќи талаботи ин давлатњо, бо маќсади шомил шудани љумњурї ба руйхати содиркунандагони асал ба Аврупо ва сариваќт иштирок наварзидани намояндагони љумњурї дар баррасии стандартњо мебошад.

Бинобар ин  имрўз зарурат ба миён омадааст, ки љалби сармоягузорї  дар бахши тањия стандартњои миллї дар соњаи кишоварзї, иштироки тањиягарони сатандартњо дар љаласањои комиссияи КАИ СММ  ва дар ин замина мусоидат  ба содироти меваи хушк ва асали табии амали карда шавад то ки монеањо аз роњи   содиркунандагони ватанї бартараф карда шаванд .

Агентии Тољикстандарт минбаъд њам дар самти  дастгирии соњибкорї ва мусоидат ба рушди соњибкорї дар доираи салоњиятњои муќаррар намудаи ќонунгузорї чорањо андешида, дар ин самт омода аст бо вазорату идорањои дахлдор њамкорињро вусъат дињад.