ХАБАРҲО

2018-10-15: Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай

26 апрели соли 1996  бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон "Панҷгонаи Шанхай" ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Тавре  ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳадӣ муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, фаъолият мебарад.

Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. Соли 2009 ба давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ Шри-Ланка ва Белоруссия соли 2010 ҳамроҳ гардиданд.

Соли 2012 ба давлатҳои нозири СҲШ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ба давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ Туркия ҳамроҳ гардиданд. 9 июни соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти СҲШ қабул гардиданд.

Айни замон раванди ташаккулёбии СҲШ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии он идома дошта, мақомоти СҲШ ҳамасола фаъолият мекунанд.

Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 08 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.

Фаъолияти СҲШ на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд. Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.