ХАБАРҲО

2018-10-14: Табрикот оид ба рӯзи ҷаҳонии стандартҳо

14 октябр њамасола дар тамоми кишварњо њамчун “Рўзи байналмилалии стандартњо” љашн гирифта мешавад  зиндагї, њаёти њарўза ва худи табиат њам стандартњои худро дорад. Табиист, ки дар ҳаёти одамӣ ягон чизи ғайристандартӣ,  аз андозаву меъёр берун роҳ намеёбад. Ана ҳамин ҳадду қолиб аст,  ки одаму оламро зебо нишон медиҳад ва ҳатто то андозае ҳаётро ширину рангин месозад.

Стандартҳо дастрасии ҳар як шахсро ба маҳсулот, сохтор ва хизматрасониҳои босифат осон менамоянд. Онҳо дар худ талаботи сифат, меҳнатшиносӣ ва усулҳои мувофиқашудаи ҳамаи ташхисҳоро, ки ба тавсеаи дастрасӣ равона шудаанд, дар бар мегиранд.

Стандартҳо ҳамчунин барои паҳн намудани навоварињои технологӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва мамлакатњои дар ҳоли рушдбуда мусоидат мекунанд. Онҳо барои рушди бозор ва тараққиёти савдои ҷаҳонӣ кӯмак менамоянд.

Аз ин лиҳоз, стандартҳо ба истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон хизматрасониеро пешниҳод мекунанд, ки аз рӯи низоми идоракунии «чӣ тавр бояд маҳсулотро коркард намуд, ки дастраси ҳама бошад?» ба роњ монда мешавад.

Ташкилотњои байналмилалї оид ба стандартизатсия фаъолияти худро ҳамоҳанг намуда, системаи стандартикунонеро пешниҳод менамоянд, ки ба тарроҳон, истеҳсолкунандагон ва сиёсатмадорон барои бехатар намудани олам ва дастрасӣ барои ҳама –имрӯзу фардо ёрӣ мерасонанд.

Кормандони соњаи стандартизатсияи тољик низ қонунҳои амалкунандаи соҳа ва дурустї, риояи стандартњо ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, ки дар маљмуъ ба бењтар намудани сатњу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд, ҳамеша бо масъулияти том татбиќ менамоянд.

Бо истифода аз фурсат њамаи кормандони соњаро  ба муносибати Рўзи байналмилалии стандартњо самимона табрик гуфта, дар фаъолияти рўзмарраашон комёбию муваффаќиятњо таманно менамоем.