ХАБАРҲО

2018-10-12: Дар Агентии Тољикстандарт соњибкорон ќадрдонї шуданд

Дар Агентии Тољикстандарт ба як ќатор соњибкороне, ки дар даврњои аввалу дуюми озмуни љумњуриявии «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» бо мањсулоти хушсифат ва хизматрасонии сатњи баланд  ширкати фаъолона доштанд, дар фазои тантанавї ифтихорнома супорида шуд.

Дар чорабинї зиёда аз 90 соњибкори муваффаќ ва истењсолкунандагони ватанї аз саросари љумњурї ширкат доштанд ва дастовардашон аз љониби аъзои комиссия, ки аз вазорату кумитањои дахлдор аз љумла, Агентии Тољикстандарт, Вазорати саноат ва технологияњои нави Љумҳурии Тољикистон, Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи  давлатии Ҷумҳурии Тољикистон, Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон, Иттифоќи Тољикматлубот, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна, Иттифоќи истеъмолкунандагони Тољикистон, Маркази дастгирї ва рушди соњибкории шањри Душанбе, Кумитаи бехатарии озуќавории назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати  Љумҳурии Тољикистон ва Вазорати фарњанги Љумҳурии Тољикистон иборатанд, бо ифтихору сарбаландии хосса ќадрдонї карда шуд.  Тавре дар баромади роњбарияти Агентии Тољикстандарт иброз гардид, муваффаќќияти соњибкорони ватанї ифтихори миллату давлат ва асоси рушди босуботи иќтисоди миллии мамлакат мебошад ва дар баробари ин раќобатпазирии молу мањсулоти ватанї имкон фароњам меорад, ки  ба сўйи бозорњои љањонї роњњои љадиду мусоид боз гардад.

Њамзамон, иштирокчиён ба ташкилкунандагони озмуни мазкур изњори сипос намуда, ќайд карданд, ки дар заминаи баргузории озмуни љумњуриявии  «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон»  сифати молу мањсулоти давоми солњои охир истењсолшуда хуб ва сатњи хизматрасонї нисбати солњои ќабл бењтар шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки  даври љамъбастии озмуни љумњуриявии  «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» санаи 20-уми октябр, соати 17-00 дар Муассисаи давлатии «Боѓи Ирам» баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар рафти маросими љоизасупории  озмун намоиш-фурўши молу мањсулоти корхонањои ватанї ва нуќтањои хизматрасонї ва барномаи фарњангї бо иштироки њунрмандони варзидаи мамлакат ба мењмонон ва сокинони пойтахт пешнињод мегардад.