ХАБАРҲО

Дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2017, №  17655. 27812 ҷиҳати иштирок дар Конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Стратегияи назорати савдо» Алишер Сафаров - сармутахассиси шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техники ва ҳуҷҷатхои меъёрӣ-техникӣ дар саноати вазнини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Абдулло Дагиев - сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ, рӯзҳои 21-23 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар сафари хизмаӣ Қapop доштанд.

Конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Стратегияи назорати савдо» бо иштироки 48 нафар коршиноси вазорату идораҳои ҷумхурихои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва намояндагони Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба назорати содироти молхои таъиноти дуҳадафа.

Чорабиниҳои мазкур бо ташабусси Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба назорати содирот молҳои таъйиноти дуҳадафа ва дастгирии бевоистаи Муасиссаи Федерали Олмон оид ба иқтисод ва назорати содирот (BAFA) барои хизматчиёни давлатӣ ва коршиносонӣ сохавӣ ҷиҳати баррасӣ ва биниши ояндаи масъалаҳои стратегияи назорати содирот, тартиби таҳия ва назорати молхои таъиноти дуҳадафа баргузор гардида, дар кори он олимону мутахассисони соҳаҳои гуногун вобаста ба масъалаҳои назорати содирот ҷалб гардиданд.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...