ХАБАРҲО

2018-10-05: Забон-сарвати маънавии миллат

 

«Забони мо дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро  аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои  соҳибистиқлолӣ оид ба  эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи  тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».

  • Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
  •  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон нақши забони модарии моро ҳамчун забони давлатӣ хотирнишон сохта, чунин изҳор доштаанд:  “Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад.  Ин забон,  ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон  чун шири модар муқаддас мебошад”.  

Бешак, бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ имрўз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Рўзи забони давлатӣ дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои кишвари азизамон қарор дорад. Мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Барои амалишавии ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Дар ин давра қабул гардидани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи босуботи забони миллиамон заминаи хуб фароҳам оварда, дар таҳкими пояҳои асосии рушди забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ, инчунин устувор намудани меъёрҳои таърихиву адабии он мусоидат намуд. Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерўи тоза гирифтааст. Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин карда шавад.

Воқеан, имрӯзҳо қудратмандии забон дар арсаи байналхалқӣ аён мегардад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони тоҷикӣ аз минбарҳои муҳташами Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики араб ва ғайра ҳамагонро хушнуд месозад. Мардуми дунё ба лафзи шевову ширини тоҷикӣ гўш медиҳанд. Воқеан, забони мо ширину дилкашу гўшнавоз аст. 

Имрўзҳо дар давлати соҳибистиқлоли мо барои дар сатҳи зарурӣ омўхтани забони давлатӣ ва коргузорӣ бо ин забон ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст, ки ин аз ғамхории бевоситаи Ҳукумат далолат мекунад. Ҳамасола дар Тоҷикистон қарору қонунҳое ба тасвиб мерасанд, ки ба худшиносии мардуми мо такони ҷиддие мебахшад. Аз ҷумла, 26 июли соли 2007, таҳти № 91, фармони Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон кардани соли 2008 ба имзо расид, ки дар асоси он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2007, таҳти № 426 «Дар бораи омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид. Маҳз ин иқдоми наҷиб бори дигар ҳамагонро ҳушдор сохт, ки забони тоҷикӣ аз ҷониби давлату ҳукумат бо сарварии ҳомиву бонии асосии он – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ меёбад ва рушди забони тоҷикӣ ҳамеша мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад.

Забони тоҷикӣ азизтарину шевотарин дороии ҳар фарди соҳибмаърифату ватанпарвар аст. Аз ин рў ҳар яки мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки ин сарвати маънавии миллат аз ҳама гуна гарду осеб ва аз камтарин газанд эмин бошад, ҳамеша покизаву мубарро бимонад, зеро мо ҳама зодаи ҳамин забони нобу покизаем, ки чун шири модар дар шараёнамон ҷорист.