ХАБАРҲО

2018-08-20: Љовидон бод дўстии халќњои тољику ўзбек!

Сафари давлатии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Ўзбекистон, ки рўзњои 17 ва 18 августи соли љорї сурат гирифт, нишони эњтироми муносибатњои њамљаворї, дўстии бисёрасра ва ќаробати халќњои тољику ўзбек  буда, ба тањкими робитањо дар соњањои калидии њамкории дуљониба заминањои устувор фароњам овард.

Бояд ќайд намуд, ки мулоќоти сатњи олии Тољикистону Ўзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон ба Љумњурии Ўзбекистон ба раванди рушди босуботи маљмўи муносибатњои неки њамсоягии кишварњо таккони љиддї бахшид ва дар ин замина  як ќатор санадњои нави њамкорї ба имзо расиданд. Тавре Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ќайд намуданд, дар байни њуљљатњо аз њама муњим ба имзо расидани Созишнома дар бораи њамкории шарикии стратегї мебошад, ки муносибатњои ду кишварро ба сатњу сифати нав мебарорад. Бешак, ин тадбир њамчун рўйдоди таърихї бозгўйи љањду талошњои самимии роњбарияти олии ду кишвар барои тањкими дўстии абадї ва њусни њамљаворї миёни Тољикистону Ўзбекистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар байни 26 санади нави њакорї Созишнома оид ба њамкорї байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (Тољикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Љумњурии Ўзбекистон (Ўзстандарт) низ ба имзо расид, ки ба фаъолияти пурсамари минбаъдаи кишварњо дар самти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия заминањои мусоид фароњам меорад.

Умедворем, ки сафари давлатии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Ўзбекистон њамкорињои иќтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарњангиро боз њам густариш медињад ва  сулњу дўстии  халќњои тољику ўзбек то абад  љовидон мемонад .