ХАБАРҲО

2018-08-01: Тољикстандарт амали нанговари манќуртонаро мањкум мекунад

Њодисаи нангине, ки рўзи 29 июл дар мавзеи Себистони ноњияи Данѓара бо як гуруњ сайёњони хориљї ба амал пайваст, дар ќатори дигар намояндагони ќишри љомеаи кишвар, моро низ бетараф гузошта наметавонад. Бояд гуфт, ки имрўзњо ин гуна њодисањоро мањз дар њамин гуна як замони печида ва нањсзо, ки бо дасти нерўњои бадхоњи террористї зуд-зуд ба амал меоянд, дар дигар нуќтањои олами муосир дучор шудан мумкин буд, вале дар Тољикистон барин як кишвари амну осуда ва воќеан мењмоннавоз ба вуќуъ пайвастани чунин њодиса шояд дар таърихи тўлонии кишвар аз њама нангинтарин буда, куллан ѓайричашмдошту ѓайриинтизор мањсуб меёбад. Њамин аст, ки кунун њазорњо нафар мардумони сарзамини мо ин воќеаи ногуворро мавриди бањсу тањлил ќарор дода, нохалафони бавуљудоварандаи онро бо майли том лаънат мехонанду мањкум менамоянд.

Бемуњобо, ташаббуси Пешвои муаззами миллати мо оиди Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон доштани соли равон писанди тамоми ќишрњои љомеаи кишвар гардида, дар муддати кутоњ байни ањолии Тољикистон дастгирии умум пайдо кард. Зеро ин ташаббуси хирадмандонаи Президенти муњтарами мо мафњумњои баландаризиши ба амну суботи комил расидани кишвар, ба даст овардани муваффаќиятњои бузург дар сатњи сиёсату иќтисод, пешрафти самтњои рўзгор, ободиву бунёдкорињо ва аз њама асос дигарбора муаррифї намудани самимияту мењмоннавозии тољикон ба мардуми оламро ифода менамуд.

Мо, ањли Агентии Тољикстандарт ќатори дигар мардуми шарифи Тољикистон ин воќеаи нангинро, ки амали он аслан хоси миллати бошарафу баномуси мо нест, бо тамоми вуљуд мањкум намуда,  миллати шарафмандамонро даъват менамоем, ки бањри рафъи пурраи ин гуна њаводиси нангин беш аз њарваќта дар атрофи Роњбари давлату њукумати кишвари худ муттањид бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надињанд. Албатта, дар раванди љомеа ин ќабил њаводису воќеоти нангин ба амал омаданаш мумкин аст, зеро худи њаёт айни замон дар њама кунљу канори олам хеле пурпечутоб намудор мешавад, вале нуктаи дигарро низ бояд дар хотир дошт, ки:

 

                   Санги бадгавњар агар косаи заррин шиканад,

                   Ќиммати санг наафзояду зар кам нашавад.