ХАБАРҲО

2018-08-07: Иштирок дар семинари сатњи байналмилалї барои омўзиши таљрибаи пешќадам мусоидат менамояд

Аз санаи 02 то 22 июли соли 2018 дар шањри Чанљоуи Љумњурии Халќии семинари омўзишї оид ба стандарт, назорат ва карантини мањсулоти бофандагии кишварњои рў ба тараќќї, ки аз тарафи  Вазорати тиљорати Љумњурии Халќии Хитой ташкил шуда буд, баргузор гардид. Дар њайати гурўњи корї аз љумњурии Тољикистон дар баробари намояндагони нињодњои марбутаи кишвар, инчунин сармутахассис Исмоилов А. ва Абдуллоева П. (роњбари гурўњ) мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатї оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрї-техникї дар молњои ниёзи мардуми Агентии Тољикстандарт шомил буданд.

Тибќи гузориши иштирокчиён, сараввал дар семинари омўзишї мавзўи «Шиносої бо рафти гузаронидани ташхис дар озмоишгоњњо оид ба ташхиси матоъњои бофандагї ва мањсулоти дўзандагї дар Љумњурии Халќии Хитой» баррасї гардид. Дар ибтидо коршиносони соња моро бо пешравињо дар соњаи нассољї ва дўзандагї, мањсулоти бофандагї  шинос намуданд. Маълум гардид, ки дар ин самт пеш аз њама ба мустањкамии ранги матоъњои бофандагї ва дўзандагии истењсолшаванда ањамияти љиддї дода мешавад.

Баъдан, дар шароити озмоишгоњ дар таљриба бо шустан ва хушкунии матоъњо ва мањсулоти дўзандагї, муайян намудани рангравї ва дигаршавии рангро омўхтем. Хамзамон, таљриба нишон дод, ки дар масъалаи таъмини бехатарии мањсулот тамоми ќишрњо, аз љумла истењсолкунандагони мањсулоти нассољї ва дўзандагї, саноат ва истеъмолкунандагон дар якљоягї фаъолият менамоянд. Мањз омили асосии пешрафти ин соња низ дар мутташакилона амал намудани онњост.

Бояд ќайд кард, ки љараёни ташхисро ба мо дар таљриба муаррифї намуданд ва дар ин раванд бо муайян намудани сифати матоъ шинос шудем.

 Кобили зикр аст, ки саноати  нассољї, бофандагї ва дўзандагї дар Љумњурии Халќии Хитой  аз стандартњо, тартиб ва ќоидањо сарчашма гирифта, ба ташхиси мањсулот дар озмоишгоњњо, пажуњишгоњњои  илмї- тадќиќотии Хитой оид ба нозироту карантин ва марказњои он, озмоишгоњњои минтаќавї ањамияти љиддї медињанд ва дар якљоягї амал менамоянд.

Озмоишгоњњои корхонањо барои ташхиси даќики мањсулот дар раванди технологї диќќати аввалиндараља медињанд, яъне њаракат менамоянд ба камбудињо роњ надињанд.

Давоми  рўзњои ояндаи семинар омўзишњо дар мазуъњои савдои глобалии мањсулоти нассољї ва стандартњои мањсулоти нассољию  дўзандагї, инчунин таљњизоти озмоишї ва воридоту содироти мањсулоти нассољї ва дўзандагии Чумњурии Халќии Хитой  баррасї шуданд.

Дар Љумњурии Халќии Хитой масъалаи содироти мањсулоти нассољї ва дўзандагї  наќши муњим мебозад.

Кори минбаъдаи семинар асосан  муаррифии мањсулоти нассољии Љумњурии Халќии Хитойро дар бар гирифт. Дар рафти семинари омўзишї  лексияњо, боздидњо, муњокимањо ва презентатсияњо  гузаронида шуд. Семинар барои мубодилаи таљрибаи пешќадам дар соњаи санљиш ва карантини мањсулоти бофандагї замина гузошт.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи семинар дар шањрњои Нантонг аз музеи байналхалќии «Home Textile Town»  дидан намуда, бо  таърихи истењсоли мањсулоти нассољї ва бофандагии Љумњурии Халќии Хитой шинос шудем, дар Чанљоу ба озмоишгоњи ташхиси мањсулоти нассољї SGS, ки бисёр нуфузи баланд дорад ташриф оварда, бо раванди ташхиси мањсулотњои нассољї ва бофандагї аз наздик шинос шудем. Хамзамон бо рафти савдо дар шањри Ченду аз кўчањои тиљоратї дидан кардем. Инчунин  бо стандартњои мањсулоти нассољї, талабот ба њуљљатњои меъёрї-техникї нисбат ба содирот ва воридоти мањсулоти нассољии Чумњурии Халќии Хитой шиносої пайдо кардем.

Маќсад  ва мавќеи назорат доир ба бехатарии мањсулоти нассољї ва бофандагї мустањкам ва таъсирбахш гардонидани он аст. Бо ин маќсад асосњои њуќуќии уњдадорињои назорат ва уњдадорињои вазорату ташкилотњо дар тањияи стандартњо, назорати мањсулотњои дар мамалакат истењсолшаванда ва содирот ва воридот аз љониби маќомотњои назоратї  дар нуќтањои  савдо назорат шуда  ва дар ин самт  љоннок намудани назорат аз љониби маќомотњои дахлдор мавќеи махсус дорад.

Дар баробари  бархурдорї оид ба стандарт, назорат ва карантини мањсулотњои бофандагии кишварњои рў ба тараккї дар самтњои гуногуни таъмини бехатарии мањсулоти нассољї ва бофандагї дар Љумњурии Халќии Хитой аз љониби намояндагони Гурљистон, Молдова, Лаос, Египет, Шриланка, Судани  љанубї, Африка ва зиёда аз 10 давлати дигар ва Љумњурии Тољикистон муаррифии давлатњояшон инчунин корњои назоратї дар самти корашон таъмини бехатарии молу мањсулотњои нассољї ва дўзандагї амалї гардид.

Хушбахтона муаррифии  ин масъала ва њамчунин суханронї ва презентатсия дар рўзи љамъбасти семинар - омўзиш аз љониби намояндагони мамлакатамон ба зиммаи мо мутахассисони Агентии Тољикстандарт гузошта шуд ва дар ин самт мо оид ба дастовардњои љумњурї дар соњаи рушди нассољї ва имкониятњои љойдошта изњори аќида намудем.

Бояд гуфт,ки семинари омўзишї барои мо мутахассисон љињати баланд бардоштани донишу малака дар шиносої бо раванди истењсоли мањсулоти бофандагї, стандарт ва назорати он дар љараёни истењсоли мањсулоти бофандагии кишварњои рў ба тараќќї кўмак расонида, минбаъд онро дар таљрибаи назорат ва корњои фањмондадињї бо корхонањои истењсолии соња татбиќ менамоем,- изњор доштанд, мутахассисони Агентї.