ХАБАРҲО

2018-08-07: Комиссияи Озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» санадњои корхонањоро баррасї менамояд

Барои ба таври шафофу беѓаразона баргузор гардидани љамъбасти Озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» њуљљатњои як ќатор корхонањои пешсафе, ки дар рафти он ширкат мекунанд ба аъзои комиссия супурда шуд. Аъзои комиссия, намояндагон аз вазорату кумитањои дахлдор аз љумла, Вазорати саноат ва техналогияњои нави Љумҳурии Тољикистон, Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумҳурии Тољикистон, Мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон, Иттифоқи Тољикматлубот, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна, Иттифоќи истеъмолкунандагони Тољикистон, Маркази дастгирї ва рушди соњибкории шањри Душанбе, Кумитаи бехатарии озуќавории назди Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати  Љумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати  Љумҳурии Тољикистон ва Вазорати фарњанги Љумҳурии Тољикистон иборатанд, ки дар якљоягї бо нозирони Агентии Тољикстандарт сатњу сифати мањсулот ва хизматрасонии корхонаву нуќтањои маишиву хизматрасониро мавриди омўзиши љиддї ќарор медињанд.

Алњол теъдоди корхонањое, ки ба даври дуюми озумун роњ ёфтаанд, маљмуан аз саросари Тољикистон дар бахшу номинатсияњои гуногун 203 ададро ташкил медињад.  Давраи омўзишу санљиши њуљљатњо ва молу мањсулоту хизматрасонї то 25-уми августи соли равон љараён мегирад ва натиљаи он барои дарёфти љоизањои озмун муайян карда мешавад. То он рўз тамоми корњои зарурї бояд ба таври зарурї анљом ва љойњои фахрии корхонањои бењтарин ба таври шаффоф муайян карда шавад. Тавре дар љараёни љамъомад баён гардид даври љамъбастии Озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» дар Боѓи истироњативу фарњангии ба номи Садриддин Айнї санаи 22-юми сентябр баргузор мегардад. Дар наќша аст, ки дар рафти маросими баргузории љамъбасти озмун намоиш фурўши молу мањсулоти корхонањои ватанї ва нуќтањои хизматрасонї ба сокинони пойтахт ва мењмонон пешнињод карда шавад. Ба љуз супоридани љоизањо инчунин пешнињод кардани барномаи фарњангї дар наќша аст.