ХАБАРҲО

2018-07-26: Баррасии стандартњои байналмилалии мањсулоти меваи хушк дар Женева

Аз 25 то 27 июни соли 2018 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷаласаи махсусгардонидашуда оид ба тањияи стандартњои мањсулоти меваи хушк ва Симпозиум дар мавзўи «Чормаѓз ва мевањои хушк» -и Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (ЕЭК ООН) доир гардид.

Дар љаласаи махсусгардонидашуда дар њайати Гурўњи корї оид ба стандартњои сифат дар соњаи кишоварзї, ки дар назди Кумитаи роњбарикунанда оид ба иќтидор ва стандартњои савдои Комиссияи иќтисодии аврупоии Созмони Милали Муттањид фаъолият менамояд, дар баробари намояндагони давлатњои Туркия, Олмон, Фаронса, Швейтсария, Испания, Љумњурии Исломии Эрон, Љумњурии Халќии Хитой, љумњурињои Тољикистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон ва дигар ташкилотњои байналмилалии соњавї, инчунин ду нафар соњибкорон (содироткунандагони мевањои хушки Љумњурии Тољикистон), намояндаи Ассотсиатсияи байналмилалии истењсолкунандагон ва содиротчиёни мањсулоти кишоварзии Тољикистон, корманди Барномаи њамкорињои байналмилалии Олмон барои давлатњои Осиёи Марказї ва њамоњангсози ташкилоти Хилсверк Австрия Интернешнл (Hilfswerk Austria International) дар Љумњурии Тољикистон ширкат дошта, дар баррасии масъалањои љаласа фаъолона изњори назар намуданд.

Дар машварати корї асосан масъалањои тањия ва пешнињоди стандартњои байналмилалии «Олуи сиёњ», «Харбуза» (хушк), «Писта», «Чормаѓз», «Кокос» ва «Бодом» мавриди баррасии аъзоён ќарор гирифт.

Дар кори Симпозиум дар ќатори намояндагон ва аъзоён инчунин Сафири Љумњурии Тољикистон дар Конфедератсияи Швейтсария – Љамшед Њомидов суханронї карда, љињати дастгирии рушди содироти меваю сабзавот аз Љумњурии Тољикистон, аз номи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба Кумитаи роњбарикунанда оид ба иќтидор ва ва стандартњои савдои Комиссияи иќтисодии аврупоии Созмони Милали Муттањид изњори сипос намуда, оид ба имкониятњои љумњурї дар самти боѓпарварию зироаткорї ва сифати баланди мевањои Тољикистон ибрози назар кард.

Инчунин, њангоми баррасии тавсияњо нисбати зардолуи хушки бедонак ва олуи сиёњ - Умед Асланов, њамоњангсози ташкилоти Хилсверк Австрия Интернешнл (Hilfswerk Austria International) дар Љумњурии Тољикистон баромад намуда, қайд кард, ки имрўз Њукумати  Љумњурии Тољикистон оиди рушд ва дастгирии соњибкорї, ташкили хољагињои дењќонї ва фермерї, зиёд намудани боѓоти зардолу ва олуи сиёњ бо маќсади содироти мањсулот ба хориљи кишвар тадбирњои амалї андешида, соњибкоронро дар ин самт њамаљониба дастгирӣ намуда истодааст.

Дар самти муаррифии мевањои хушки зардолу, олуи сиёњ ва харбуза оиди љойгиршавии боѓоти зардолую олуи сиёњ ва заминњои корами харбуза, навъњои онњо дар водии Фарѓона маълумоти муфассал дода шуда, зикр гардид, ки ин мањсулот дар боѓу полезњои давлатњои њамсарњади Тољикистон яъне, Ќирѓизистон ва Ӯзбекистон, ки дар њамсоягї дар водии Фарѓона љойгир мебошанд, истењсол карда мешаванд.

Њамзамон, ќайд гардид, ки, оид ба ќабули воситањои аёнї (плакат)-и стандарти (DDP-15) «Зардолуи бедонак», ки дар истењсол ва содироти зардолуи бедонак истифода менамуданд, изњори аќида намуданд. Дар охир ба Гурўњи корї супорида шуд, ки дар давоми шаш моњ тањияи стандарти “Олуи сиёњ”-ро ба итмом расонида, ба котиботи Комиссия пешнињод намоянд. 

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи њамкорињои Агентии Тољикстандарт бо Комиссияи аврупогии иќтисодии Созмони Милали Муттањид ва ќабули стандартњо оид ба мевањои тару тоза, њамчунин бо дархости ЉДММ «Баракат Исфара» аз тарафи Агентии Тољикстандарт стандартњои КАИ СММ «Себи хушк (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) њамчун стандарти миллї тањия карда шуданд ва пас аз баррасї дар љаласањои гурўњи корї оид ба стандартњои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатњои аъзо ќабул гардиданд.

Умед Асланов дар баромади худ ќайд намуд, ки дар заминаи кўшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон љињати бартараф намудани монеаҳо дар савдои умумиҷаҳонӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар бо пешниҳоди директори Агентии Тоҷикстандарт бо маќсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба хусус кишоварзон ва субъектҳои хоҷагидор доир ба таҳияи рисолаи тавзеҳӣ барои стандарти байналмилалии ЕЭК ООН FFV-25, барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтии баҳорӣ ва хурмо тањти роҳбарии муовини директори Агентии Тоҷикистандарт Шерзода Ситора Ҷалол гурўҳи корӣ –техникӣ таъсис дода шуд. Ба гурўҳи корӣ-техникӣ  коршиносони соња, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ ва кишоварзон ҷалб гардиданд. Айни замон стандарти мазкур дар рафти омӯзиш ва таҳия қарор дорад. Бо дастгирии техникии ширкатҳои байналмилалї аз ҷумла GIZ,  Hieswerk,UNDP ва Маркази идоракунии  сифат лоиҳаи плакати пиёзи бањорї омода шуда, баъд аз гирифтани аксҳои воқеии намунаҳои барвақтии пиёзи бањории минтақаҳои  шимолу љануби кишвар дар рўзҳои наздик барои таҳлил пешниҳод гардид ва корњо дар ин самт идома доранд.

Ин тадбирњо имкон фароњам меоранд, ки мањсулоти кишоварзии ватанї бе монеа ба мамлакатњои хориљи дур содирот шаванд.

Боиси хушнудист, ки оид ба рушди соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон, ислоњоти хољагињои кишоварзї, дастгирї ва рушди ин соњањо аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон барномањои давлатї ќабул гардидаанд. Ќабули барномаи рушди боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2014 аз 27 августи 2009, №683  ва барои солҳои 2016-2020 аз 30 декабри 2015, №793  ва дар ин замина њамасола зиёд шудани майдони боѓњо аз он шањодат медињад, ки соњаи боѓу токпарварї рушд ёфта, дар ояндаи наздик иќтидори содиротии Тољикистонро барои зиёд намудани ин мањсулот ба хориљи кишвар таъмин менамояд.

Дар ин замина имрўз таќозо мегардад, ки дараљаи касбии роњбарони хољагињои дењқонї оиди усулњои навини парвариши меваю сабзавот баланд бардошта шавад, сифат ва бехатарии мањсулот таъмин карда шавад. Ба роњ мондани талаботи стандартњои байналмилалї имкон медињад, ки стратегияи Љумњурии Тољикистонро дар самти «Таъмини амнияти озуқаворї» вусъат бахшида, барои таќвияти воридотивазкунанда гаштани мањсулоти ватанї имкониятњои нав фароњам оварад.

Баргузории чорабинии мазкур яке аз дастовардњои муњими маќомоти Тољикстандарт дар њамкорї бо истењсолкунадагон ва содироткунандагони мевањои хушки Тољикистон, бахшида ба таљлили љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад. Ќабули стандартњои нав барои мевањои кишварамон ањамияти минтаќавї ва байналмилалї дошта, нафаќат соњибкорони Тољикистон балки соњибкорони њамаи давлатњои Осиёи Миёна аз он бањраманд мегарданд. Илова бар ин барои зиёда 50 млн. ањолие, ки дар ин минтаќа  зиндагї мекунанд, ќабули ин стандартњо барои болоравии сатњи зиндагии онњо мусоидат хоњад кард. Барои гузаронидани Шурои навбатї Раис ва њамраис таъин гардид ва боиси сарфарозист, ки њамраиси Шуро аз  љониби намояндаи Тољикистон Умед Асланов, њамоњангсози ташкилоти Хилсверк Австрия Интернешнл (Hilfswerk Austria International) дар Љумњурии Тољикистон таъин гардид. 

Таљрибаи омўхтаи мутахассисон дар кори Шурои мазкур барои минбаъд рушди соњањои стандартизатсия, бањодињии мутобиќат дар Љумњурии Тољикистон мусоидат намуда, бањри иљрои уњдадорињои гирифтаи Љумњурии Тољикистон дар назди Созмони умумиљањонии савдо замина мегузорад.