ХАБАРҲО

2018-07-26: Нишасти матбуотї бо намояндагони ВАО

23 июли соли 2018 дар асоси муќаррароти Наќшаи ташкил ва гузаронидани нишастњои матбуотї, санаи 23 июли соли 2018, бо иштироки намояндагони воситањои ахбори омма нишасти матбуотї доир намуд.

Дар нишасти матбуотї 22 нафар хабарнигорон аз шабакањои телевизион ва радиои љумњурї, рўзномаю маљаллањо, инчунин дигар нашрияњои расмї ширкат доштанд. Дар раванди ќабул ба рўзноманигорон вараќањои иттилоотї ва шумораи навбатии маљаллаи соњавии «Стандарт ва сифат» пешнињод карда шуд.

Сипас, рўзноманигорон ба фаъолияти озмоишгоњи эталонњои вазн, ки дар доираи њамкорињо бо Институти физикї-техникии Олмон бори аввал дар љумњурї таъсис дода шудааст, шинос шуда, бо масъули соња оид ба моњият ва фаъолияти минбаъдаи озмоишгоњ суњбат гузарониданд.

Њамзамон хабарнигорон оид ба бозичањои пастсифат, ки барои нобудсозї аз муомилот гирифта шуда буданд, иттилоъ гирифтанд.

Дар нишаст сараввал ба таври мухтасар оид ба фаъолияти Агентї дар нимсолаи аввали соли 2018 ва дар ин давра ба роњ мондани њамкорињои судманд бо воситањои ахбори омма  дар самти њимояи бозори истеъмолї маълумот дода шуд.

Аз љумла, муњиммияти њамкорї бо воситањои ахбори омма шарњ дода шуда, зикр гардид, ки дар нимсолаи аввал бо назардошти ба роњ мондани корњои фањмондадињї, махсусан тариќи васоити ахбори омма, мурољиати шањрвандон доир ба риоя нашудани қоидаҳои савдо ва нигоњдории маҳсулот, фурўши маҳсулоти пастсифат зиёд ба ќайд гирифта шудааст.

Махсусан, дар ин давра тавассути шабакањои телевизиони љумњуриявї дар баробари ташкил намудани мизњои мудаввар ва барномањои алоњида, инчунин панљ навори рекламавї оид ба њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон тањия гардида, 151 маротиба ба намоиш гузошта шудааст. Њамзамон, дар рўзномаву маљаллањои даврї ва шабакањои радиои љумњуриявї мунтазам корњои тарѓиботї амалї карда шуданд ва дар ин замина  дар «Радиои Ватан» барномаи махсуси «Эталон» низ ташкил гардида, њафтае  се  маротиба пахш мегардад. Умуман, дар ин давра 57 маротиба тариќи телевизиону радио ва нашрияњо танњо барномаву маводњои фањмондадињї ба роњ монда шудаанд.

Дар идомаи нишаст аз љониби хабарнигорон оид ба самтњои фаъолияти Агентї, аз љумла њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, санљиши воситањои ченак, сифати мањсулоти хўрокворї, пешгирии воридоти мањсулоти ѓизоии пастсифат, таъмини сифат ва бехатарии маводи  сўзишворї, дастгирии истењсолкунандагони ватанї, сифати хизматрасонињо ва амсоли ин, саволњо дода шуданд ва аз љониби  роњбарият ва масъулини соња ба њамаи пурсишњо љавобҳои мушаххас пешнињод гардиданд.

Дар охир бо назардошти коњиш додани санљишњо ва дар ин замина таќвият додани корњои фањмондадињї аз тарафи роњбарияти Агентї ба рўзноманигорон пешнињод гардид, ки бо маќсади баланд бардоштани маърифати њуќуќии истеъмолкунандагон ва истењсолкунандагон, муаррифии мањсулоти воридотивазкунандаи ватанї, хизматрасонињои сатњи баланд, гузаронидани озмуни љумњуриявии «Мањсулот ва хизматрасонињои бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» дар њамкорї бештар барномаву маводњо ба ањолї пешнињод шавад.

Инчунин иќдоми роњбарияти Агентї љињати дар бозорњои љумњурї бо соњибкорон ва фурўшандагон гузаронидани вохўрию суњбати ошкоро ва дар ин самт љалби воситањои ахбори омма муњим арзёбї гардида, аз љониби рўзноманигорон дастгирї карда шуд.