ХАБАРҲО

2018-07-26: Љаласаи навбатии Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия ва метрология дар шањри Тошкент

Санаи 25-29 июни соли 2018 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон љаласаи 53-юми Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия ва метрология баргузор гардид.

Дар љаласаи Шўро намояндагони маќомоти марбутаи љумњурињои Беларус, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Молдова, Россия, Тољикистон, Ўзбекистон, Украина, Раёсати кумитаи иљроияи ИДМ ва Бюро оид ба стандартњои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин як ќатор созмону ташкилотњои байналмилалї, аз љумла созмони байналмилалї оид ба стандартњо (ИСО), Комиссияи байналмилалї оид ба электротехника (МЭК), Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ, Шўрои электроэнергетикии ИДМ ва институтњои стандартонии кишварњои Аврупо ва дигар ташкилотњои байналмилалии соњавї ширкат намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар Шўрои мазкур 12 давлати Иттињоди Давлатњои Мустаќил аъзо мебошанд ва љаласањои Шўрои байнидавлатї ва Кумитањои техникї соле ду маротиба дар давлатњои узви Шўро баргузор мегарданд.

Тибќи рўзнома дар ҷаласаи 53-юми Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  нахуст њисоботи раиси Шўро шунида шуда, сипас, як ќатор масъалањо, аз љумла иљроиши ќарорњои љаласањои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва Гурўњњои корї, лоињаи Созишнома дар бораи монеањои техникї дар савдои байни давлатњои аъзои ИДМ, гузаронидани бањодињии мутобиќат њангоми воридоту содирот намудани молу мањсулот, Наќшаи фаъолияти  кумитањои илмї-техникї доир ба стандартизатсия, метрология, бањодињии мутобиќат ва аккредитатсия барои соли 2018, таљдиди њайати кумитањо, лоињаи Созишнома оид ба њамкории байни ташкилоти байналмилалии ИСО ва Шўрои байнидавлатї, низоми иттилоотии “Молњои хатарнок”, ташкил ва пешбурди махзани иттилоотии эталонњои миллї, инчунин фаъолияти Гурўњи корї оид ба бартараф намудани монеањои техникї дар савдо ва дигар масоили љорї мавриди баррасї ва тањлил ќарор дода шуданд.

Дар љаласаи Шўро намояндагони созмонњои байналмилалї ва минтаќавии соњавї низ фикру мулоњизањои худро оиди такмил додани њамкорињо изњор намуданд. Аз љумла љињати тањия ва ќабули стандартњои нав, дастрас намудани онњо ба аъзоёни Шўро дар доираи њамкорињои байни Созмони байналмилалї оид ба стандартњо (ИСО) ва Шўрои байнидавлатї (ШБД) намояндаи созмони мазкур суханронї намуд ва дар охир наќшаи кории Шўрои байнидавлатї оид ба рушди стратегияи Шўро дар даврањои солњои 2018-2020 ба аъзоён пешнињод гардид.

Дар раванди баррасии масъалањо аъзоёни Шўрои мазкур оид ба масъалањои соња суханронї намуданд.

Аз љумла, аз љониби Љумњурии Тољикистон низ оид ба таљриба ва дастовардњо Давлатзода Рањмоншо – сардори Раёсати бањодињии мутобиќат маъруза (бо муаррифии фаъолият дар давраи њисоботї) намуда, љињати боз њам пурсамар намудани фаъолияти аъзоёни Шўро таклиф пешнињод намуд. Аз тарафи аъзоён сањми Агентии Тољикстандарт дар ин давра назаррас арзёбї гардид.

Айни замон, бо маќсади дастгирии рушди соњибкорї дар самти баланд бардоштани сифати молу мањсулоти содиротї ва раќобатпазир гардонидани мањсулоти истењсоли ватанї, хизматрасонињо, аз љумла дар самти хизматрасонињои соњаи сайёњї аз тарафи Агентї дар доираи њамкорињо бо ташкилотњои байналмилалї ва минтаќавї, инчунин аъзоёни Шўрои байнидавлатї якчанд тадбирњо, ба хусус љињати аз байн бурдани монеањои техникї ва љорї намудани низоми идоракунии сифати мањсулот дар корхонањои истењсолї тибќи стандартњои байналмилалї идома дода шуда истодааст ва ин ба корхонањои ватанї барои истењсоли молу мањсулоти босифати ба талаботи бозори љањонї љавобгўй ва аз љињати экологї тоза ва хизматрасонињо дар сатњи байналмилалї мусоидат менамояд.