ХАБАРҲО

2018-07-23: Иштирокчиёни даври аввали озмуни “Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон” ќадрдонї шуданд

Дар Агентии Тољикстандарт љаласаи навбатии комиссияи минтаќавї ва љумњуриявии озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид ва дар љаласа ба корхонањое, ки дар шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи марказ дар даври якуми озмуни мазкур фаъолона иштирок намуданд ифтихорномањо супорида шуд.

Дар кори љаласа дар баробари мутахассисон (мумайизон)-и Агентии Тољикстандарт инчунин мутахассисон (мумайизон)-и дигар вазорату ташкилотњое, ки ба рўйхати њайати комиссияи минтаќавї ва љумњуриявии озмуни мазкур шомил гардадаанд, аз љумла, Вазорати саноат ва техналогияњои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумњурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон, Иттифоқи Тоҷикматлубот, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна, Иттифоќи истеъмолкунандагони Тољикистон, Маркази дастгирї ва рушди соњибкории шањри Душанбе, Кумитаи бехатарии озуќавории назди Њукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарњанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар даври якуми озмун 69 корхонаю муассисањои хизматрасонии шањри Душанбе ва навоњии тобеи марказ фаъолона иштирок намуда, ба даври дуюми озмуни мазкур 118 корхонањо роњхат гирифтанд.

 

Котиботи озмун