ХАБАРҲО

2018-07-19: Пешгирии фурўши нўшокињои спиртии пастсифат дар Бадахшон

Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ дар њамкорӣ бо маќомоти иҷроияи мањалии њокимияти давлатии вилоят, шањру ноњияњо, идораю муассисањои дахлдор ҷињати танзими фурўши машруботи спиртӣ чорањои судманд меандешад.

Дар ин робита, танњо дар нимсолаи аввали соли 2018 аз тарафи Раёсат ба 54 нуќтањои фуруши хилофи ќонун амалкунанда, аз ҷумла: 18 адад дар шањри Хоруѓ, 17 адад дар ноњияи Шуѓнон, 5 адад дар ноњияи Рушон, 3 адад дар ноњияи Ванҷ, 5 адад дар ноњияи Ишкошим, 3 адад дар ноњияи Роштќалъа  ва 1 адад дар ноњияи Дарвоз амрияњои манъи фурўш дода шудаанд.

Бинобар иҷро нагардидани амрномаҳои Раёсат нисбати онҳо тибқи талаботи қонунгузор ҷаримаи маъмурї татбиқ гардида, аз онҳо ситонида шуда ба буҷаи давлат ирсол карда шуд.

Илова бар ин аз тарафи кормандони Раёсат фурўши машруботи спиртӣ дар 17 манзили истиќоматии шањрвандон, аз ҷумла 11 адад дар ноњияи Шуѓнон, 4 адад дар ноњияи Роштќалъа ва 2 адад дар ноњияи Ишкошим ошкор гардида, дар натиҷаи чорањои андешидашуда фаъолияти онњо ќатъ карда шуд.

Инчунин, дар ин муддат аз ҷониби Раёсат дар якҷоягї бо дигар мақомоти назоратї дар ҳудуди шањри Хоруғ ва ноњияњои вилоят рейдҳои муштарак анҷом дода шуда, дар натиҷа дар маҷмуъ 232 намунаи арақҳои тамғаҳои гуногун ба миқдори 37 953 шиша аз муомилот гирифта шуда, ҳангоми ташхис 106 намунаи онҳо ба миқдори 11829 шиша ғайристандартї дониста шуда, аз тарафи комиссияи ваколатдор нобуд карда шуданд. Ҷараёни нобудсозї тариқи телевизиони маҳаллї намоиш дода шуд.