ХАБАРҲО

2018-07-19: Озмоишгоњњои Раёсати Тољикстандарт дар Бадахшон бо таљњизоти муосир таъмин мешаванд

Агентии Тоҷикстандарт барои дар сатҳи баланд фаъолият намудани озмоишгоҳҳо ва дар ин замина ҳимояи бозори истеъмолї аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатї хатарнок мунтазам тадбирҳои амалї меандешад.

Дар ин робита Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ низ аз тарафи дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт бо асбобњои замонавии ташхисї таъмин шуда истодааст.

Таҷҳизоти ба Раёсат пешнињодгардида  аз асбобњои октаномер барои муайян намудани сифати маҳсулоти нафтї, дастгоҳи махсус барои муайян кардани равғаннокии маҳсулот, асбоб барои муайян кардани ширешаки ғалла ва орд, стерилизатор, вискозиметр, микроскопи электронї, тарозуҳои аналитикї, рефрактометр, спиртомер, тестер, РН-метр, ареометр, колбањо, асбоб барои муайян кардани омехтаҳои металломагнит, дистелятор, инкубатор, шкафи хушккунї, мебели лабораторї, дастгоҳи сайёри санҷишї, барқҳисобкунакҳои электронї,  амперметр, волтметрњои намунавї, нитромер, компютерҳо ва мебелҳо иборатанд.

Лозим ба зикр аст, ки айни замон озмоишгоҳҳои Раёсат бо таҷҳизоти замонавии ташхис ҷиҳозонида шуда, дар пешбурди кори он мутахассисони касбї ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон, дар фаъолияти озмоишгоҳ методҳои муосири ташхис ба роҳ монда мешаванд.

Албатта, чунин иқдом имкон медиҳад, ки молу маҳсулоти ба нуқтаи тиҷоратї воридшаванда, сари вақт ва дар муҳлати кутоҳтарин аз ташхис гузаронида шаванд.

Бо маќсади таќвият додани фаъолияти минбаъдаи соња як ќатор чорабинињо, аз љумла таъсис додани озмоишгоҳи микробиологї дар назди озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроковории Раёсат, андешидани тадбирҳои сохтмони бинои нав, ба кор љалб намудани мутахассисони касбї ва бозомўзии кормандон ва дигар чорабинињое, ки ба пешрафти фаъолият мусоидат менамоянд, ба наќша гирифта шудааст.