ХАБАРҲО

2018-07-16: Фаъолияти Агентї дар нимсолаи якуми соли 2018 баррасї гардид

Санаи 13 июл дар Агентии Тољикстандарт љаласаи мушовараи љамъбасти фаъолияти Агентї дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид. Дар љаласаи мушовара намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон - Амирзода Мањмуд Њомид ва роњбарони Марказњои вилоятию минтаќавии Агентї ширкат намуданд.

Дар доираи муќаррароти рўномаи љаласаи мушовара сараввал сардорони раёсату шуъбањо дар алоњидагї њисобот дода, масъалањои њалталаб, иљрои наќшањо ва мушкилоти соња мавриди тањлилу баррасии амиќ ќарор дода шуд.

Њамзамон, љињати ба иљро расонидани вазифањои навбатї дар нимсолаи дуюми соли 2018, аз љумла иљрои супоришу наќша- чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Барномаву Стратегияњои давлатї бо маќсади баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, дар ин замина дастгирии соњибкорї дар соњаи истењсолї, дар сатњи баланд гузаронидани озмуни “Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон”, њифзи бозори истеъмолї аз воридоти молу мањсулоти пастсифат, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, љорї намудани низоми идоракунии сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањои ватанї, ба танзим даровардани фаъолияти марказњои зерсохтор, истифодаи сарфакоронаи маблаѓњо, љобаљогузории њайати кадрї ва дигар масоили марбут ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Илова бар ин, дар раванди љаласа масъулин ба саволу пурсишњои  намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон посух дода, барои пешбурди бонизоми фаъолият супоришњои дахлдор гирифтанд.

Дар ин росто муовинони директор, сардорони раёсатњо, директорони марказњои вилоятию минтаќавии Агентї вазифадор карда шуданд, ки оид ба камбудињои љойдошта наќша-чорабинињои мушаххас тартиб дода, љињати бартараф намудани онњо дар фаъолияти минбаъда тадбирњои амалї андешанд.

Мутобиќи ќарори њайати мушовара натиљањои фаъолияти Агентї дар нимсолаи якуми соли 2018 ќаноатбахш њисобида шуда, инчунин љињати иљрои наќшањои минбаъда дар соли 2018, масъулин вазифадор карда шуданд.

Дар охир директори Агентї оид ба пешбурди фаъолияти минбаъдаи соња дар давоми соли 2018 барои иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар самтњои фаъолият, њамчунин љињати бо њисси баланди масъулиятшиносї ва нангу номуси ватандорї, содиқона ва бо амалњои неки созанда сањм гузоштан дар рушди минбаъдаи иљтимоиву иќтисодии мамлакат ва њамчунин бо дастовардњои шоён пешвоз гирифтани љашни  30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро ба кормандон таъкид намуд.